Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 8 феврал ба сифати роҳбари ҳайати сохторҳои иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ ба Маскав рафт.
Дар пойтахти Русия рӯзҳои 8-9 феврал ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад.
Дар баробари масоили рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо, дар ҷаласа инчунин баррасии масъалаҳои барқарор намудани парвозҳои мунтазам, бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва мушкилоти донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии олии Русия дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, тавре сомонаи Росмолодеж хабар медиҳад, 3 феврал ҷаласаи қисмати русиягии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.
Дар ҷаласа масоили рушди муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Русия, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои маорифу энергетика ва дигар масоили рӯзномаи ҷаласаи 17-уми Комиссяи баррасӣ шудаанд.
Муовини роҳбари Агентии федералии кор бо ҷавонон Павел Абрамов қайд кардааст, ки дар доираи ҳамкориҳо дар соли 2021 даъвати ҷавонон аз Тоҷикистон ба иштирок дар як қатор чорабиниҳои бузург, аз қабили Ҳамоиши VI байнулмилалии ҷавонони «Евразия Global», Муколамаи пешвоёни ҷавонон дар шакли ИДМ-СҲШ-СААД, инчунин чорабиниҳо дар самти Лоиҳаи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар самти “Русия - минтақаи Осиёи Марказӣ” ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста