Тоҷикистон ҳарчанд  аз тамоми минбарҳое, ки дар онҳо музокироту гуфтушунид барои овардани сулҳ дар Афғонистон сурат мегирад, истиқбол мекунад, вале ҳеч гуна тамосу ҳамкорӣ бо гуруҳи "Толибон" надорад, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон. 

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт Тоҷикистон дар мавриди музокироти сулҳи Афғонистон аз мавқеи Кобули расмӣ пуштибонӣ мекунад ва музокирот дар ҳар замина ва минбаре, ки мегузарад бояд, ҳарфи охирро ҳукумати расмии ин кишвар бизанад. 

"Ҳарчанд Тоҷикистон аз таҷаммуъи гуруҳои ифротиву террористӣ дар марзҳои муштаракаш бо Афғонистон шадидан нигарон аст, вале пойбанд ба мавқее аст, ки борҳо изҳор карда буд. Мо ҷонибдори раванде ҳастем, ки аксари мардуми ин кишвар ва ҳукумати расмии он ҳимоят мекунанд".

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистону Афғонистон бо ҳамраисии муштарак дар Душанбе Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё – Раванди Истамбул"-ро баргузор мекунанд, ки ҳузури сарони ду кишвар  - Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар он дар назар аст. 

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Тоҷикистон ин конфронс 29-30 марти имсол баргузор мешавад, ки дар он ширкати ҳузурӣ ва маҷозии вазикрони кишварҳои зидахл пешбинӣ мешавад. Қарор аст, дар ин конфронс кишварҳои зидахл ҳимоятҳои сиёсиву молӣ ва иқтисодии худро аз Афғонистон эълом кунанд. 

Ҳамчунин дар ин маврид, чанд рӯз пеш суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашрафғанӣ низ сурат гиритфа буд, ки сарону ду кишвар рӯзи баргузории конфронсро дақиқ карда буданд. 

Ҳамчунин ин шабу рӯзҳо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон дар Кобул қарор дорад, ки то кунун бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси шӯрои олии мусолиҳаи сулҳ, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятии раисҷумҳури Афғонистон дидор кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.