Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 феврал вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии давлати мо махсус таъкид кард.

Ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд.

Дар ин зимн муҳиммияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардид.

Абдулазиз Комилов ба президенти Тоҷикистон паёми президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» расонид.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карда, таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя ҳамин рӯз бо ҳамтои худ - вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дидору гуфтушунид анҷом дод.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муфассал баррасӣ намуда, оид ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои бародарона ва ҳусни эҳтироми мутақобил, вазирон таъкид намуданд, ки бо саъйи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегиро минбаъд низ нигоҳ дошта, вазифаҳои гузоштаи сарони давлатҳоро пайгирона иҷро хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.