Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 март бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни гуфтугӯ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, баррасӣ шуданд.
Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои азими Чинро дар бисёр соҳаҳои ҳаёт ва мустаҳкам кардани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ дар даҳсолаҳои охир қайд намуд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба дастовардҳои кишвари ҳамсоя дар самти рафъи камбизоатӣ диққати махсус дода, муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми Чинро бо муваффақиятҳои азимашон дар ин самт табрик гуфтанд.
Сарвари давлат муваффақиятҳои Чинро дар мубориза бо эпидемияи коронавирус қайд карда, ба Си Ҷинпин миннатдории ҷониби Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштанд.
Сарони давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.
Дар заминаи баррасии равобити бисёрҷониба ба раёсати феълии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Саммити ҷашнии Созмон, ки қарор аст, соли равон дар Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста