Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарранро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, Зокирзода сафирро бо оғози маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳор итминон кард, ки ҳама иқдомҳо ва ташаббусҳои дипломат аз ҷониби парлумон дастгирӣ меёбанд.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд барои эҷод ва ташкили механизми самарабахши ҳамкорӣ дар шакли Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ саъйҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд.

Зикр шуд, ки дар баробари ин, бояд форумҳои тиҷорӣ, мизи мудаввар, намоишгоҳҳо ва презентатсияҳо гузаронида шаванд, то ки ба фаъол гардидани самтҳои афзалиятнок ва умедбахши ҳамкориҳои байни кишварҳо мусоидат намояд.

Дар мулоқот инчунин зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса тамоюли рушди босуръатро дошта, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.