Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯз ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар хоҳад кард, ки гуфта мешавад ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон шинос мешавад. Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки пештар Вазорати фарҳанг гуфта буд, ки дар ҷашнҳои наврӯзии соли 2021 иштироки президенти кишвар дар назар нест. 

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба “Азия -Плюс” гуфт, ки дарвоқеъ, рӯзи 22 март дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон меравад. Аммо ба гуфти Раҳмонзода "ин сафар дар доираи ҷашнгириҳои наврӯзӣ набуда, балки як сафарӣ корӣ барои ошноӣ ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлол аст".

Ҳамчунин сухангӯйи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода низ ба “Азия-Плюс” гуфт, ин сафар берун аз ҷашнгириҳои Наврӯз аст.  

“Мо омодагиҳои худро барои омадани президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гирифта истодаем. Вобаста ба ҷашни наврӯзӣ ва Истиқлолияти кишвар дар тамоми шаҳру ноҳияиҳои кишвар  барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишвар омодагӣ гирифта истоданд. Аз ҷумла барои сафари президент ба вилояти Хатлон мо ҳаматарафа тайёрӣ дида истодаем", - гуфт  Маъмурзода.

Носирҷон Маъмурзода мегӯяд, тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон, дар мавриди ҷашни Наврӯзи соли 2021, дар кишвар танҳо иҷозат шудааст, ки дар шакли сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳо дар боғҳо гузаронида шавад. Дар мактуби ин ниҳод таъкид  шудааст, ки бояд  талаботи Ситод риоя карда шавад, аз ҳамин хотир сафари прездентро мо наметавонем ба Наврӯз рабт диҳем, мегӯяд ӯ.

Чанде пештар ҳам, Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфта буд, ки "мо ягон чорабинии калон дар бораи ҷашни Наврӯз надорем, барномаҳои гуногуни идона дар назар аст, аммо ҷашни асосӣ нест, тибқи супориши Ситоди ҷумҳурӣ.  Танҳо дар толорҳои консерт ва театрҳо ҷорабиниҳо дар назар гирифта шудааст, дар бораи ширкати Презденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  омодагӣ дар ҷашнҳои наврӯзӣ ба мо ягон дастур нашудааст". 

Наврӯз ҷашни миллии мардуми ориёнажод ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ аст. Тоҷикистон ба унвони яке аз меросбарони асосии тамаддуни Наврӯз ҳамасола аз ин ҷашн истиқболи сазовор мекунад. Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард.