Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ ва барои иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истамбул" вориди Душанбе шуд.

Қарор аст Ашраф Ғанӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ дошта бошад.    

Ҳамчунин суханронии раиси ҷумҳури Афғонистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар назар аст, ки аз сӯи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Ашраф Ғанӣ унвони доктори ифтихории ин донишгоҳ дода шавад.

Нишасти нӯҳуми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони умури хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.

"Қалби Осиё – Раванди Истанбул" як ибтикори минтақавӣ бо ибтикори Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои гуногун мебошад.

Нишастҳои пешинаи "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст. Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркияву Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.