Муҳаммад Ҷаводи Зариф вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми якшанбеи 28-уми март бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст доктор Зариф бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор кунад ва дар нишасти нуҳумини вазирони ибтикори "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" иштирок кунад.

Муҳаммад Ҷаводи Зарифро дар фурудгоҳи Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода истиқболи расмӣ намудааст. 

Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар саҳфтаи Твиттераш навиштааст, ки "дуктур Зариф барои дидор бо мақомоти Тоҷикистон ва ҳузур дар нишасти вазирони хориҷии кишварҳои узви ибтикори "Қалаби Осиё" дар бораи Афғонистон озими Душанбе шуд".

Аммо Хатибзода мушаххасан нагуфтааст, ки Муҳаммад Ҷаводи Зариф аз мақомҳои Тоҷикистон бо чӣ касе дидор хоҳад кард. 

Сафорати Эрон дар Душанбе ҳам дар як баёния иттилоъ додааст, ки "сафари дурӯзаи вазири умури хориҷаи кишварамон ба манзури ширкат дар конфронси "Қалби Осиё" ва низ дидору гуфтугӯ бо мақомоти кишвари Тоҷикистон дар хусуси  тавсеъаи равобит миёни ду кишвар Эрону Тоҷикистон анҷом мешавад". Дар ин баёния ҳам гуфта нашудааст, ки доктор Зариф аз мақомҳои баландпояи Тоҷикистон бо кӣ дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, доктор Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақӣ Собирӣ

Нишасти нӯҳуми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони умури хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.

"Қалби Осиё – Раванди Истанбул" як ибтикори минтақавӣ бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои гуногун мебошад.

Нишастҳои пешинаи "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст. Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркияву Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.