Бо вуҷуди мушкилоти ҳамагир ва буҳрони хавфовари эпидимелогӣ даргириҳои минтиқавӣ, террор ва хушунатҳои сиёсӣ коҳиш намеёбанд. Собиқаи 50-солаи охири таърих  шаҳодат медиҳад, ки дар ҳалли даргириҳои минтиқаҳо иқдомҳои сулҳомези минтиқавӣ ба ҳалли мушкилот бештар мусоидат мекунад. Ҳамоиши Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», маҳз иқдоми минтиқавӣ буда, барои ҳамзистии созандаи минтиқа бахусус таҷдид ва эҳёи кишвари Афғонистон ба сулҳу суботи минтақа роҳи васеъ мекушояд. Аз боби ҳамзистии марзӣ ва дипломатияи бидуни марз, ҳалли гиреҳҳои 45-солаи даргириҳои Афғонистон, рушди минбаъдаи ҳамкории марзӣ, саҳми ташкилоти байналмилаӣ дар ин самт суҳбат бо сиёсатмадори маъруф, ходими намоёни давлатӣ, дипломати собиқадор, Намояндаи доимии АКДН дар Тоҷикистон Сафир Қозидавлат Қоимдодов пешкаши хонандагон мегарадад.

 - Муҳтарам  Қозидавлат Қоимдодов, нахуст дар мавриди ҳамзистии марзӣ ва саҳми кишварҳо, ташкилотҳои байналмиаллӣ ба таври фишурда маълумот диҳед.

- Бояд тазаккур дод, ки баъди шикасти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳоло дар кишвари маҳубуби мо масоҳати марз се баробар зиёд шуд. Ва ҷангу хунрезӣ, равобити дӯстон, сохтану сӯхтан, зистану мурдан аз марз сар мезанад. Аз бозе, ки чашм ба олами ақлии ҷаҳон кушодам марзбон будам. Зеро хонаи ман дар соҳили дарёи Панҷ, дар  марзи Афғонистон  қарор дорад. Дар он сӯи марз ҳаммиллатҳои мо азобу шиканҷи тоқатшикан мебинанд. Даргириҳои хунин 43 сол боз идома доранд. Шояд агар тасмими тақдирсози Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ намебуд, мо низ ба тӯфони даргириҳо фаро гирифт мешудем. Ақли солим, иқдоми башарадӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои марговари дарё хушунатро баст. Маҳз дар он давраи муташаниҷ иқдомҳои минтақавӣ, амсоли музокироти сулҳу тоҷикон шурӯъ шуд. Ман ба ҳайси дипломат ва сарвари намояндагии ташкилоти  байналмилалӣ кашф кардам, ки иқдоми  Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истанбул», маҳз аз ин иқдом маншаъ мегирад. Зиндагии ороми пас аз музокироти сулҳ ба мо имкон дод, ки сулҳу субот ва оромиро аз марз шурӯъ кунем. Барои сулҳ дар баробари халли силоҳ таъмини маишӣ ва модии мардум зарур аст. Бо иқдоми Сарвари давлат ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳамкории митақавӣ даъват шуданд. Марз ба нуктаи дипломатияи мардумӣ ва дарвозаи ҳамзистӣ табдил ёфт.

- Шумо саволи ояндаро худатон матраҳ кардед. Каме васеътар дар мавриди ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар мавриди фаъолияти АКДН оид ба ҳамкории минтақавӣ дар марз гузориш диҳед.

- Беш аз 25 сол аст, ки ҳамкории судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АКДН идома дорад. Имрӯз беш аз дусад лоиҳои рушди иҷтимоӣ, кишоврзӣ иқтисодӣ тандурустӣ ва маърифатӣ амалӣ мешаванд. Аксари кулли ин барномаҳо дар ҳудуди марз қарор доранд. Бояд зикр кард, ки таҷрибаи  АКДН Тоҷикстон оид ба ҳамкории сеҷонибаи Ҳукумат, Шабакаҳои Оғохон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикстон ба ташкил сохторҳои АКДН дар Афғонистон мусоидат намуд. Ҳангоми суҳбат дар ин мавзӯъ набояд фаромуш кард, ки иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқрори сулҳ ва таъмини ризояти миллӣ, равбит ва ҳамкории марзиро муҳйё кард. Ҳангоми суҳбат вақти ифтиоҳи пули марзӣ  зикр карданд. “Мо ба хотири суботи Афғонистони ҳамсоя ва рушди иқтисодии он аз ҳеҷ гуна кӯмаку ҳамкорӣ ва мусоидати бародарона дареғ намеварзем, зеро истиқрори вазъ дар ин кишвари ҳамсоя ба манфиати миллии мо комилан созгор аст”.

Воқеан дар тӯли 26 сол дар марз 5 пули нақлиётӣ ва 6 бозори назди марзӣ, 4 дидбонгоҳи назоратӣ бо розиги ҳукумат ва дасгири донорҳо бунёд гардиданд .

      Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки  Мавлоно Ҳозиримом ҳангоми ифтитоҳи пули Тем арз карданд, ки “инфросохторҳои замонавӣ дар ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ба ҳар ду ҷониби марз кумак менамоянд”. 

- Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодович,хонандгони мо ба омор ва далелҳо ҳаваси зиёд доранд. Мушхасан ҳаҷму миқдори дастовардҳои лоиҳаҳоро зикр кунед.

 - Барои мусоидат ва рушди ташаббусҳои наздимарзӣ, Хадамотҳои АКДН  дар Тоҷикистон ду лоиҳаро амалӣ менамояд: лоиҳаи аввал”Рушди ҳамкорӣ ва имкониятҳо барои рушди минтақавии иқтисодӣ” (SKORD) бо ҳадафи  ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалӣ шуда,аз ду ҷузъ дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, тиҷоратӣ ва қарзӣ иборат мебошад.

Дар доираи ин ҷузъ, аз соли 2017 инҷониб AKF / MSDSP ташкилоти қарзии хурди "Рушди Кӯҳистон" – аз рӯи барномаи лоиҳаи SCORD  маблағи умумии 543.541 евро ҷудо шудааст. Қариб 40 корхона дар тиҷорати наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон, дар бозорҳои наздисарҳадии Хоруғ ва минтақаи Дарвоз, ҷалб карда шудаанд. Банди дуюми лоиҳа сохтмони пули фаромарзӣ дар доираи лоиҳаи SCORD, ACF Тоҷикистон, ки аз ҷониби ACF Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва тавассути Барномаи ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон (PATRIP) дар Покистон, Афғонистон корҳои тарҳрезии сохтмони пули фаромарзӣ ва пайваст кардани роҳҳоро дар минтақаи  байни Кокул ва деҳаи деҳаи Ойхонум Тахори Афғонистон идома дорад. Чун сухан аз пулҳои марзӣ рафт, мо бояд имрӯз ошкоро бигӯем, ки кушодани пулҳои марзӣ дар шароити ҷанги домандори Афғонистон, вазъи марз пас аз куллан ба зимма гирифтан ҳимояи марзи Ҷануби ИДМ аз ҷониби Тоҷикистон, гардиши фаъоли маводи мухаддар, таҷаммӯи гуруҳҳои тундрав ва силоҳдор дар марзи Афғонистон хавфу хатар ва таҳдидҳои нави фалокатовар дошт. Вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёту мамоти ҳазорон сокинони назди марзиро дар мадди аввал гузошт. Ин пулҳо барои мардуми Афғонистон дарвозаи раҳоӣ аз қашшоқиро боз намуданд.

   Дар иҷрои ҳамаи барномаҳои АКДН дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чун шарикони иҷтимоии боэътимод эҳсос менамоем. Бо назардошти муроҷиати Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (АКДН) ҷиҳати иҷозати интиқоли борҳои башардӯстона тавассути сарҳади давлатӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистан  бо мақсади дастгирии ноҳияҳои дурдаст ва мусибатзадаи Бадахшони Афғонистон, Ҳукумати Тоҷикистон соли 2000 Қарори дахлидор оиди Барномаи башардустонаи  «ФОКУС» барои интиқоли борҳои башардустона тавассути  сархади давлатӣ ичозат дод.

     Барномаҳои байнисарҳадии АКДН, ки мақсади рушд ва устувор кардани раванди иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистонро дорад, инчунин ба сулҳу суботи Афгонистон ва амнияти Тоҷикистон ва тамоми минтақа низ муҳим мебошад.  Тайи ин солҳо, АКДН фаъолияти  байнисарҳадии худро баҳри расонидани кӯмаки башардӯстона ба Афғонистони ҳамсоя  ба таври васеъ иҷро намудисмтодааст.

 АКДН  фаъолияти байнисарҳадии худро дар Афғонистон танҳо  тариқи як агентӣ - Барномаи Башардӯстонаи  ФОКУС оғоз  намуда буд.  Ҳоло хадамоти  Хазинаи Тоҷикистонии  Оғохон (AKF), Хадамоти Оғохон  оид ба маъориф (AKES),  Хадамоти Оғохон  оид ба Тандурустии (AKHS),   Ширкати энергетикии  Помир Энерҷӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар робита бо коҳиш сатҳи кмбизаотӣ дар марз, бозсозӣ ва рушди Афғонистон барномаҳои  ояндадорро амалӣ менамоянд. АКДН бо  кормандони Сарраёсати кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амали намудани ин барномаи байнисарҳади ҳамкориҳои зич дорад. Бояд кайд намуд ки дар аввал АКДН  фаъолияти худро танҳо дар як минтақаи сарҳадии ВМКБ оғоз намуд ва айни замон фаъолияти барномавии худро дар ноҳияҳои байнисарҳадии вилояти Хатлон  амалӣ карда истодааст.        

  Лоиҳаҳои фаромарзӣ барои ҷалби қувваи корӣ аз ҳар ду кишвар (мутахассисони гуногунсоҳа ва коргарон) мусоидат намуда, барои рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ ҳамдастӣ менамоянд. Зеро дар таркиби лоиҳао хариди аксар мол ва мавод аз бозорҳои дохилии Тоҷикистон (масолеҳи сохтмон, семент, сӯзишворӣ, маводи  кишоварзӣ,  мошинҳо, тухми, нуриҳо, доруворӣ, хӯрокворӣ, либос, асбобу анҷоми рӯзгор ва иҷора гирифтани воситаҳои  нақлиёти маҳаллӣ  барои интиқоли ёрии башардӯстона  пешбинӣ гардидаст. Аз ҳама муҳимаш дар равобити ҳамкории дуҷониба мардум, ширкаткундагон ба қадри сулҳу субот ва зидагии осоишта мерасанд.

Аз соли 2007 инҷониб тавассути нуҳ лоиҳаи энергетикии фаромарзӣ (Дастгирии молиявии Олмон, Норвегия ва ИМА)  тавассути “Памир Энерҷи” беш аз 50,000 аҳолии (тақрибан 5% аҳолӣ)  вилояти Бадахшон (Афғонистон) бо нерӯи барқ ​​таъмин мешавад.

   Чанде пеш Мавлоно Ҳозиримом ҳидоят доданд, ки пайравони ман танҳо дар доира барномаҳои давлатӣ барои пешгирӣ аз вабои Ковид 19 кӯшиш кунанд. Барномаҳои тандурустии АКДН дар  Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва таҳия гардидаанд. Аз рӯзи нахусти сирояти Ковид АКДН барномаи кӯмакро ба Вазорати тандурустӣ барои амнияти эпидимологӣ дар марз пешниҳод намуд. 

   Танҳо соли 2019 табибони тоҷик ба 3016 нафар беморони афғон ёрии тиббӣ расонданд. Ба 348 бемор дар Бадахшони Афғонистон кӯмаки тибби фаврӣ расонидшуда, 225 бемор ҷарроҳӣ шуданд. Умуман дар ичрои барномахои сарҳадӣ, шарикони рушд Канада, Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, кишварҳои  Итиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ саҳми худро гузоштаанд.


- Одатан мо чун сухан аз марз кушоем, танҳо марзи Афғонистон ёдрас мешавад. Оё АКДН бидуни марзи Афғонистон дар масоили марзии дигар низ барномаҳо  амалӣ мекунад?

- Бале чун марз бо Афғонситон ҷабҳаи доғ аст, мо дар ҳақиқат марз бо ҳамсояҳои дигарро фаромӯш мекунем. Аммо дар АКДН барномаҳои фароамарзии васеъ бо Ҷумуҳрии Қирғистон мавҷуданд.

   Дафтари AKEC дафтари минтақавии Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, фаъолияти AKEC дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро  байни ду кишвар ҳамкории наздик ба роҳ мондааст.

   Ҳоло миёни Литсеи Оғохони шаҳри Хоруғ ва литсеи Оғохони шаҳри Уш ҳамкории наздик ба роҳ монда шудааст. Дипломатия наврасон воқеӣ ва самимитар аст. Дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон таҳияи нақшаҳои дарозмуддати рушди маориф, табодули таҷриба байни омӯзгорони қирғизу тоҷик ва семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос лоҳаҳои ҷолиб амлӣ мешаванд.

Донишгоҳи Осиё Миёна имрӯз ҷавонони се кишвар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба ҳам пайваст намудааст. Дар доира фаъолияти Донишгоҳ ҳамзамон курсҳои кутоҳмудат барои ҷавонон касбомузии  бинокорӣ, дузандагӣ, тарроҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ амал мекунанд, ки ба ин лоиҳа ҷавонони Афғонистон низ шомил мебошанд.

- Муҳтарам Қоимдодов шумо аз Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» чиро интизеред ва чӣ пешниҳод доред?

- Ин ҳамоиш самараи нек хоҳад овард. Зеро ҳамоиш дар ватани сулҳ баргузор мегардад. Ҳамзамон ширкаткунандагон бо дастовардҳои сӣ солаи давраи Истиқлоли Тоҷикистон шинос шуда, ба муаллифи сулҳи тоҷикон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хоҳанд гуфт.

Дастовардҳои Тоҷикистон аслан таърихи 24-сола доранд. Шашсоли истиқлол ба даргириҳо сарф шуд. Ва дар ҳалли ин даргириҳо гуфтушунидхои ру ба ру бо мухолифин ва чунин конфроснҳои байналмилали кумак карданд. Имруз тамоми башрият интизори сулу оромии Афғонистон аст. Мутасифона ҳанӯз қутбнамои омилҳои ҷанг ва сулҳ ошкор нашуданд. Мамлакатхои абарқдрат дар мадди аввал бояд манбаи даргириҳо ва омилҳи таҳрикдиҳандаи ҷангро ошкор кунад. Кафолати сулҳу субот асосан дар дасти худи мардуми ин кишвар аст. Бидуни азму мароми мардум ягон неруҳои ҳарбӣ сулҳро таъмин намекунад. Сараввал бояд рӯҳия   мардумро ба зиндагии осоишта тағйир дод. Баъдан иқдоми оштӣ аввал аз як ҷониб бо авфу гузашт сурат мегирад. Дар ин бора таҷрибаи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикисторо амиқ омӯхт. Албатта мусолиҳа қурбонӣ, заррари гуруҳҳо, ҳизбҳо, қишрҳои алоиҳидаи ҷонибҳо тақозо мекунад. Гузашт ва танҳо  гузашт сулҳро пойдор мекунад. 

Таҷрибаи садсоли охири ҷаҳон далолат мекунад, ки сулҳ бастан сад бор осонтар аз ҳифзи сулҳ аст. Барои пойдори сулҳ ваҳдати мардум, ҳукумати фарогири ҳамаи ҷанбаҳо, таъмини ҳуқуқии ҳифзи сулҳ зарур аст. Фазои ҳуқуқии амнияти сулҳро бояд дар баробари мардум сохторҳои давлатӣ ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, уламои дин таъмин намоянд. Мардумро ба сулҳ барқароркунии иқтисоди фалҷгардида, харобиҳои ҷанг, бунёди корхонаву шикартҳо ҳавасманд мекунад. Аз ин рӯ ба кумаки ҷомеа ҷаҳонӣ бахус кумаки молӣ аз нав сари мизи машврат нишастан зарур аст. Кишварҳои сарпараст лоиҳаи нави барқарорсозиро баррасӣ кунанд. Ҳамзамон саъю талоши кишварҳои калидӣ мисли ИМА, Русия, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон ва ҳамаи кишварҳои ҳамарз сарфи назар аз манфиатҳои геполитикӣ мутамарказ гардад.

 Дар фарҷоми суҳбат аз омодагӣ, нияту маром, саъю талоши мизбонон - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон айён мушоҳида мешавад, ки конфронс дар сатҳи олӣ доир гардида, барои сулҳу суботи Афғонистон имконоти нави воқеиро фароҳам меоварад.Алҳол шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ аст. Фардо дур нест, ки Душанбешаҳр пойтахти сулҳи минтақа хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.