Бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор С. Ҷайшанкар рӯзҳои 30-31 марти соли 2021 ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ анҷом медиҳад.

Дар ҷараёни сафар Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтои худ масъалаҳоеро, ки тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳро дар бар мегиранд, муҳикома хоҳад кард.

Вай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки вай бо дигар вазирон ва шахсони олимақомиТоҷикистон низ мулоқот кунад.

Вазири корҳои хориҷӣ қаблан моҳи июни соли 2019 барои иштирок дар 5-умин Саммити Конфронси оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё ба Душанбе ташриф оварда буд. Ин сафар идомаи мубодилаи мунтазами сатҳи баланд байни ду кишвар мебошад, ки шарикии наздики стратегии Ҳиндустон ва Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Сурат: сафорати Ҳиндустон дар ҶТ

Вазири корҳои хориҷӣ бо даъвати муштараки вазирони корҳои хориҷии Афғонистон ва Тоҷикистон, рӯзи 30 марти соли 2021 дар Душанбе дар 9-умин Конфронси вазирони қалби Осиё - Раванди Истанбул (HoA-IP) оид ба масъалаҳои Афғонистон ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, ки вай дар ҳошияи нишаст бо намояндагони сатҳи баланди кишварҳои дигари ширкаткунанда низ мулоқот кунад.

Ҳиндустон ҳамчун як кишвари пешрафта дар соҳаи савдо, тиҷорат ва таҳкими эътимоди сармоягузорӣ дар доираи HoA-IP, барои мустаҳкам намудани робитаҳои минтақавӣ барои ҳамгироии бештари иқтисодии Афғонистон бо минтақа, саъйи муштарак кардааст. Долони махсус барои интиқоли борҳои ҳавоӣ байни шаҳрҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ва ба истифода додани бандари Чабаҳори Эрон, яке аз чораҳои дар ин самт андешидашуда ба ҳисоб мераванд.

Ҳиндустон, ҳамчун як ҷонибдори муҳими сулҳ, шукуфоӣ ва субот дар Афғонистон, дар равандҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон нақши созанда дорад. Дар ин самт, Ҳиндустон ҷонибҳои манфиатдори минтақавӣ ва байналмилалиро дар Афғонистон фаъол гардонидааст. Ин сафар робитаи моро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба Афғонистон боз ҳам беҳтар хоҳад кард.