Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустону Покистон ҳамкориҳои Тоҷикистонро баррасӣ карда, бар сари тарҳи CASA-1000 ва ройзаниҳои сиёсӣ табодули назар кардаанд. 

Дар дидор бо Субрахманиям Ҷайшанкар вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ҷонибҳо рағбати худро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. 

"Дар вохӯрӣ роҷеъ ба татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир гардид",-хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.
mfa.tj

Ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ бар аҳаммияти тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, фарҳангу гардишгарӣ, рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, аз ҷумла идомаи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 таъкид кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳар ду мулоқот ҷонибҳо "таъкид гардид, ки баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, ҷиҳати пешбурди раванди сулҳ, ҳалли қазияи Афғонистон ва тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ширкаткунандаи Раванд мусоидат хоҳад кард".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.