Раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), вазири корҳои хоиҷии Шветсия Анн Линде аз 11 то 15 апрел аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. Оҷонсии "Ховар" бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ навиштааст, ки Линде бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад

Тавре дар сомонаи Созмон хабар дода мешавад, Анн Линде бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳо дидору гуфтушунид ва бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад.

Дар гуфтушунидҳо баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳо байни САҲА ва кигшварҳои Осиёи Марказӣ, дастгирии кишварҳои минтақа дар иҷрои уҳдадориҳои онҳо назди Созмон, аз ҷумла тариқи кори амалиёти саҳроии САҲА дар минтақа дар назар аст.

Вазир Линде аз дафтарҳои корӣ ва саҳроии Созмон дар кишварҳо, инчунин Академияи САҲА дар Бишкек ва Коллеҷи кормандони назорати сарҳадии САҲА дар Душанбе боздид хоҳад кард.

Зимни сафар ба баррасии афзалиятҳои раёсати Шветсия дар САҲА, аз ҷумла дастгирии консепсияи амнияти фарогири САҲА бо шумули уҳдадориҳои муштараки САҲА ва ҳамкории минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар ҷараёни боздид инчунин атрофи мавзӯи “Занон, ҷаҳон ва амният” ва иштироки аҳаммиятноки занон дар мусоидат ба рушд бо шумули густариши ҳуқуқ ва имконоти иқтисодии занон табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.