Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Имрӯз, 23 апрел байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл.

“Масоили густариши ҳамоҳангӣ дар доираи иттиҳодҳои ҳамгироӣ дар паҳнои авруосиёӣ, аз ҷумла бо назардошти раёсати Тоҷикистон соли 2021 дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд”, - зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи масоили вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар пасманзари рушди вазъият дар Афғонистон табодули назар карданд.

Сарони кишварҳо рӯҳияи мутақобилаи тарафайнро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчиии Тоҷикистону Русия тасдиқ намуданд.

Доир ба ба баррасии баъзе паҳлӯҳои ҳамкории мутақобила байни идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар созиш ҳосил шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳоло дар бораи ин суҳбати телефонӣ чизе хабар надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.