Маскав бо нигаронӣ аз вазъи шиддатнок дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.

“Мутаассифона, бар асари задухӯрди мусаллаҳона талафоти ҷонӣ ҳаст. Шумори зиёди осебдидагон аз ҳар ду ҷониб. Айни замон вазъият ба эътидол омада, лекин шиддатнок боқӣ мемонад. Ба хешовандони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, ба осебдидагон ҳарчи зудтар шифои комил хоҳонем”, - зикр мешавад дар изҳороти ВКХ Русия.

Гуфта мешавад, Русия аз тавофуқи ҳосилшуда шаби 30 апрел байни тарафҳо оид ба қатъи задухӯрди мусаллаҳона ва оғози гуфтушунидҳо, канор бурдани неру ва техникаи ҳарбӣ истиқбол мекунад.

“Аз ҷонибҳо даъват мекунем, ки тариқи гуфтушуниди минбаъда дар рӯҳияи иттифоқчигиву нияти неки ҳамҷаворӣ ба қарордоди устувор ва дарозмуҳлат ноил гарданд, то ки ҷиҳати эътидоли вазъ имкон диҳад ва инчунин барои минбаъд роҳ надодан ба такрор шудани чунин ҳодисаҳо чораҷӯйӣ шавад. Дар ин робита, аз тасмими Бишкек ва Душанбе дар бораи таъсиси Гурӯҳи муштараки корӣ, ки вазифааш аз иттилоотрасонӣ ба аҳолӣ, инчунин посбониву пайгирии ҷараёни вазъият дар минтақаи назди сарҳадӣ иборат аст, дастгирӣ мекунем”, - омадааст дар изҳорот.

Зикр мегардад, ки Русия ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати ҳалли ҳама гуна масоили баҳсӣ тариқи воситаҳои сиёсиву дипломатӣ, тарзу усули шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон изҳори омодагӣ мекунад.

Қаблан СММ, Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистону Ӯзбекистон ва Чин аз вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷонибҳо даъват намуданд, ки мушкилоти пайдошуда бо роҳи мусолиматомез ҳал карда шаванд.

Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълумоти бештар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.