Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар чанд рӯзи ахир Қирғизистон 42 шаҳрванди кишвари моро аз қаламрави худ берун кардааст. Инҳо сокинони ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ва бештарашон донишҷӯ будаанд. Дар ин бораи Радиои "Озодӣ" бо такя ба мақомҳои маҳаллӣ дар ин ноҳияи шарқии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар расонаҳои Қирғизистон навишта буданд, ки Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистонро аз ин ноҳия ихроҷ мекунад. Аммо мақомоти ноҳияи Лахш ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мавридҳои ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон аз Тоҷикистонро рад мекунанд.
Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш ба "Озодӣ" гуфтааст, ки худаш барои суҳбат ва қабули шаҳрвандони беруншуда аз Қирғизистон ба гузаргоҳи марзӣ рафта буд.
“Онҳоро аз ташхиси коронавирус гузаронидем. Ба хонаҳояшон рафтанд. Як зану шавҳар бо кӯдаки худ омаданд, дигарон донишҷӯ буданд. Панҷ нафаре низ ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд", - гуфтааст Баротзода рӯзи 6-уми май.
Мақомот дар ноҳияи Лахш гуфтанд, ин афродро рӯзҳои 3, 4 ва 6-уми май қабул кардаанд.
Ҷониби Қирғизистон сабаби ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони душаҳрвандиро расман шарҳ надодааст. Як манбаъ дар мақомоти Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳоро "бо ҳадафи гирифтор нашудан ба бемории коронавирус ва пеш аз эълони карантин" гусел кардаанд.
Фирӯз Немаров, донишҷӯи тоҷик, ки аз Қирғизистон ихроҷ шудааст, рӯзи 6-уми май ба "Озодӣ" гуфтааст, онҳоро барои бадтар шудани вазъи паҳншавии коронавирус ҷавоб доданд. “Гуфтанд, ҳар вақте вазъият хуб шуд, мегӯем, ки биоед". Аммо Некрӯз Аброров, донишҷӯи дигари ихроҷшуда, гуфтааст, ки соли гузашта вазъи паҳншавии коронавирус бадтар буд, аммо касе онҳоро берун накарда буд.
Дар ҳамин ҳол, дар чанд рӯзи охир расонаҳои Қирғизистон аз берун шудани шаҳрвандони ин кишвар аз Тоҷикистон хабар медиҳанд. Eurasia Today, АкиПресс ва 24.kg хабар доданд, ки дар ноҳияи Лахш тафтиши шиноснома оғоз шудааст ва шаҳрвандони Қирғизистонро аз Тоҷикистон меронанд.
Аз ҷумла, 24.kg навиштааст, ки “ҳатто ба баъзе фурсати ғундоштани чизу чораашонро надодаанд”. Дар хабарҳое, ки расонаҳои қирғизӣ нашр кардаанд, аз ҳеч шахсе ном бурда намешавад ва омори дақиқи ихроҷи шаҳрвандон гуфта нашудааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, аз ин масъала хабар доранд ва онро зери назорат гирифтаанд,- навиштааст "Озодӣ".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста