Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон Амирҳусайн Замониниё мулоқот кардааст. 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин дидор ба хотири омодагиҳо барои ҷаласаи навбатии Комисияи муштараки Тоҷикистон Эрон будааст. 

"Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд",-гуфтааст Вазорат.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар чанд соли ахир ба сардӣ гароида буд, ки акнун дар равобити ин ду кишвар гардишҳои нав сурат мегирад. Чанде пеш вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон рафта буд, ки дар дидор бо ҳамтои эронияш аз ташкили як Кумитаи муштараки дифоӣ хабар доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.