Дар Душанбе, имрӯз нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД оғоз шуд. Барои ширкат дар нишаст вазирони корҳои хориҷаи панҷ узви СПАД, аз ҷумла Русия, ба Душанбе омадаанд.

Дар назар аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони нишаст дидор кунад.

Ин нишаст дар пайи он сурат мегирад, ки моҳи гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон-ду узви СПАД муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Маълум нест, ки то куҷо ин масъала дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ баррасӣ мешавад. 

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 18-уми май дар як хабарномаи иттилоъ дода буд, ки "дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод".

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1992 таъсис ёфта ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви он ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.