Владир Путин дар дидор бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки аз вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сахт нигарон аст. Ин мулоқоти президенти Русия бо Ҷабборов дирӯз дар Сочи баргузор шуд.

Кремлин хабар медиҳад, ки Путин ба Ҷабборов гуфтааст, ки мо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронии хос дунбол кардем. "Тавре шумо медонед, чанде пештар раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷо сафар дошт. Мо бо ӯ ҳам ин мавзуъро баррасӣ кардем. Мо нияти ду ҷонибро барои ҳалли ҳамаи масъалаҳои баҳсталаби инчунинӣ дар ҷараёни гуфтушунид мусбат дарк кардем. Боварӣ дорам, ки ин гуна ҳадафро танҳо бо ин роҳ метавон ба даст овард",-гуфтааст Путин.

Путин гуфтааст, ки аҳ мо ҳар чизе, ки барои ҳалли ин мавзуъ муҳим бошад, мекунем. 

Торнамои президенти Қирғизистон хабар медиҳад, ки Содир Ҷабборов ба Путин барои таваҷҷуҳ ва нигарониҳои марбут ба вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Путин ҳамчунин гуфтааст, ки барои ҳалли ин мушкил "бояд роҳи ҳалле пайдо шавад, ки барои дарозмуддат бошад ва посухгӯи манофеи ҳар ду кишвар низ бошад. Мо ҳам дар навбаи худ барои ин ёрӣ мекунем".

Даргирии ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол ки 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ аз Тоҷикистон ва  ва 36 куштаву 154 маҷрӯҳ дар Қирғизистон барҷой гузошт, вокунишҳои байналмилалие ҳам дар пай дошт.

Дирӯз, сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навишт, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид вокунише накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.