Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода шоми дирӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба пойтахти Беларус - шаҳри Минск рафт.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарвазирон, ки имрӯз, 28 июн доир мегардад, Қоҳир Расулзода як қатор вохӯриҳои дуҷониба мегузаронад.

Дар назар аст, ки аъзои Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Итиҳод, аз ҷумла сарвазири Тоҷикистонро низ президенти Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирон доир ба масоили муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод табодули назар сурат гирифта, тадбирҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи беҳдоштии қаламрави кишварҳои ИДМ ва муосидат ба шуғли аҳолии давлатҳои Иттиҳод баррасӣ мешавад.

Ҳамчунин имзои як қатор асноди танзимгари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, консепсия ва нақшаҳои ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва қарорҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.