Рамазон  Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки бо як сафар дар Эрон  қарор дорад, гуфтааст, ки мо ба дунболи  тавсеа додани робита бо Эрон ҳастем. Ӯ гуфтааст, ки ин равобит дар оянда беҳтар ҳам хоҳад шуд. Дар ин бораи хабаргузори расмии Эрон "Ирно" хабар додааст.

Рамазон Раҳимзода ин нуктаро зимни боздид аз Тахти Ҷамшед рӯзи панҷшанбе дар Шероз изҳор кардааст. Раҳимзода бо ишора ба Тахти Ҷамшед  гуфтааст, ки " дигаргунии дунё аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта ва ин таърихи тамаддуни башар аст".

Вазири тоҷик гуфтааст, ки мардуми ду кишвар ба ҳам наздик ҳастанд ва рафту омад барқарор аст ва ҳамкориҳое, ки дар сохторҳои гуногуни ҳар ду давлат эҷод шуда, ин равобитро наздиктар ва густурдатар кардааст. 

"Фикр мекунам, ки ҳар чи маҳдудитҳо камтар ва масири иртиботи мардуми ду кишвар ҳамвортар шавад, дар маҷмӯъ равобит ду кишвар низ густурдатар хоҳад шуд",-гуфтааст Рамазон Раҳимзода. 

Хабаргузории расмии Эрон ҳадафи сафари Рамазон Раҳимзодаро ройзаниҳои дуҷонибаи масоили Тоҷикистону Эрон ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гуфтааст.

Раҳимзода бо ҳамтои эронияш  дар Теҳрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд. Ҳарчанд ҷузъиёти ин тафоҳумнома ба таври расмӣ эълон нашудааст, аммо расонаҳои эронӣ навиштанд, ки Душанбеву Теҳрон роҷеъ ба мубориза бо ҷиноятҳои cозмонёфта, ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, омузиши пулис, табодули устодон ва донишҷӯён ва ҳамчунин масъалаи сармоягузорӣ, тавофуқ кардаанд.

Хабаргузории эронии ИСНА навишт, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода пас аз имзои ин тафоҳумнома, ки дар маҳали Вазорати корҳои дохилии Эрон баргузор шуд, онро "таърихӣ" хонд ва гуфт, "дар арсаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил, ба тавофуқҳои хубе расидем".

Ба навиштаи манбаъ, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома гуфтааст, "бо санаде, ки имруз имзо шуд, ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо тақвият меёбад". Ӯ умедворӣ кардааст, ки созишномаи ҳамкорӣ, пояе барои мустаҳкам шудани робитаҳои ду кишвар дар оянда шавад.

Бино ба навиштаи расонаҳои эронӣ Рамазон Раҳимзода ҳамчунин дар баробари Тахти Ҷамшед, оромгоҳи Ҳофиз ва Саъди Шерозиро дар шаҳри Шероз зиёрат кардааст. 

Сафари Рамазон Раҳимзода бар пайи тирагии равобите, ки дар миёни Тоҷикистону Эрон дар солҳои ахир вуҷуд дошт, бозтоби густардае дар расонаҳои Эрону Тоҷикистон дошт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.