Дар Душанбе рӯзи 5 июн вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов баргузор гардид.

Зимни мулоқот дурнамои барқарор кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Термиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Доир ба кори муштарак оид ба пешбурди тамғаи сайёҳии “Роҳи абрешим” ва татбиқи лоиҳаҳои рушди “зиёрат-сайёҳӣ” тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон.

Сурат: ВКХ ҶТ

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин шарикии ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Сурат: ВКХ ҶТ

“Ҷонибҳо оид ба сафарбарии ҳамаи имконоту захираҳо баҳри ҳарчи зудтар мувофиқасозии масоили мавҷуда ва расидан ба тавофуқот аз рӯйи ҳамаи бандҳои рӯзномаи чорабинӣ изҳори омодагӣ намуданд”, - омадааст дар хабар.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба идомаи талшҳои муштарак дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ созиш ҳосил шуд. Аз ҷумла, ташкили сафарҳои мутақобилаи ходимони санъату фарҳанг ва илм, инчунин намояндагони ҷавонони кишварҳо ба минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мувофиқа шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.