Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмияш ба Тоҷикистон, дақоиқе пеш вориди шаҳри Хуҷанд шуд. Дар сафари Хуҷанд ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ҳамроҳӣ мекунад.

Аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар назар аст раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо зиёиён ва фаъолони вилояти Суғд  дар “Қасри Арбоб” мулоқот кунанд.

Инчунин гуфта мешавад  дар доираи ин сафар дар “Боғи миллии Ваҳдат” маҳсулоти кишоварзии боғдорони шимолии Тоҷикистон ба маърази тамошои сарони ду кишвар гузошта мешавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки раисҷумҳурони ду кишвар аз чанд корхонаҳои саноатии шимоли Тоҷикистон, аз ҷумла аз корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” дидан мекунанд. Аз маъмурияти ҳукумати Суғд гуфтанд дар назди ин корхона намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят барпо мегардад ва имконоту иқтидори истеҳсолии саноатии Суғдро муаррифӣ мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 12-уми июн раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи ин сафар чанде аз корхонаҳои саноатӣ, кӯдакистони хусусӣ дар маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ва бинои нави Маркази "Тоҷикстандарт" дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷандро ба баҳрабардорӣ месупорад.

1/13

Гуфта мешавад дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи азими истеҳсоли орд дар Тоҷикистон бо ном “Хубҷамъ Инвест” бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон низ ба истифода дода мешавад.

“Иқтидори истеҳсоли орд дар як шабонарӯз дар ин корхона, гуфта мешавад 1000 тонна аст ва  ин бузургтарин корхонаи истеҳсоли орд дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Корхона дар рӯзи дуюми сафари Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад ва ба ҷузъ орд дар корхонаи “Хубҷамъ Инвест” макарон, равғани растанӣ низ истеҳсол хоҳад шуд”.

Ҳамчунин бино ба иттилои дарёфтӣ дар шаҳрҳои Гулистон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои истиқболи сарони ду давлат омодагиҳои хосае дидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.