Зимни суҳбати телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим–Жомарт Токаев оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин робита аҳаммияти идомаи ҳамоҳангии зичи хадамоти дахлдор ва идораҳои соҳавии ду кишвар чи дар асоси дуҷониба ва чи дар сатҳи бисёрҷониба таъкид гардид.

Сарони кишварҳо муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғониро зикр карданд.

Роҳбарони ду давлат оид ба натиҷаҳои сафари расмии ба наздикӣ анҷомдодаи президенти Қазоқистон дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд доданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти мазкур ба рушди бемайлони шарикии стратегии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Вазъи имрӯзаи сиёсиву ҳарбии Афғонистонро Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ баррасӣ кард.

Вазъи ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвастааст ва саросари онҳо хатти сарҳади давлатии ду кишвар бо Афғонистон мегузарад, хело ҳам шиддатнок арзёбӣ шуд.

Шавкат Мирзиёев
Сурат аз хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сари он ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Дар ин зимн омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид гардид.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷараёни устувори рушди онҳоро дар сиғаи шарикии стратегӣ зикр карданд ва аз натиҷаҳои музокироти начандон пешинаи сатҳи олӣ изҳори қаноатмандии амиқ намуданд.

Дар ин қарина ҷонибҳо аҳаммияти татбиқи ҳадафмандонаи мувофиқаҳои дар рафти ин сафар бадастомадаро, ки самтҳои калидии ҳамкориҳои ду кишварро фаро мегиранд, таъкид намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.