Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар доираи сафари раисҷумҳури кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон, соати 09.20 дар "Қасри Миллат" оғоз шуда буд, беш аз д соат тӯл кашидааст ва ҳанӯз ҳам идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои пешакӣ ин мулоқот бояд соати 11:00  ба итмом мерасиду сипас мулоқти ҷонибҳо дар ҳайатҳои васеи ду тараф сурат мегирифт. Ҳанӯз барои хабарнигорон ва расонаҳо ҷузъиёте аз мулоқотии тӯлонии ду раисҷумҳур дастрас нест.

Дар назар буд Содир Ҷабборов соати 15.00 ба Бишкек баргардад.

Дар оғози мулоқоти имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қирғизаш гуфта буд, ки "мо ба сафари расмии шумо аҳамияти зиёде қоилем ва бояд тамоми бахшҳои равобити дуҷонибаро баррасӣ кунем".

Хабарнигорони "Азия-Плюс" аз қасри миллат хабар медиҳанд, ки гуруҳи хабарнигорони пушти дари маҳалли мулоқот мунтазири хатми ин дидор ҳастанд. "Раисони ҷумҳур бо худ ба лӯлаҳо наққошӣ (тубус)-ро гирифта буданд, ки дар онҳо маъмулан харитаҳои ҷуғрофӣ ё нақшаҳо нигаҳдорӣ мешаванд", -мегӯяд хабарнигори мо.

Зоҳиран баҳси ҷонибҳо бар сари масоили марзӣ аз вақти расмии мулоқт бештар тӯл кашидааст. 

Дар оғози ин мулоқот Содир Ҷабборов ҳам зикр карда буд, ки "равобити мо пас аз ҳаводиси 28-уми апрел даврони мушкилеро пушти сар мекунад. Барои мо зарур аст, ки мушкилотро ҳал кунем, то дар оянда ин гуна ҳаводис такрор нашаванд. Қирғизҳову тоҷикони мардумони бародаранд".

Интизор меравад пас аз хатми мулоқот, миёни Тоҷикистону Қирғизистон 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо бирасад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.