Арабистони Саудӣ ва Миср ду кишвари наве, ки ба сифати шарикони нави ҳамкори Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шаванд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон гирифта шуд.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ хабар дод. Вазири тоҷик ҷалби шарикони нав ба СҲШ-ро як тасмими таърихӣ унвон кард.

"Дар ҷараёни ҷаласа табодули афкор дар мавриди васеъ кардани Институти шарикони муколамаи СҲШ сурат гирифт ва мо баъди  таваққуфи шашсола тасмими таърихӣ гирифтем, ки чунин мақомро барои Арабистони Саудӣ ва Миср фароҳам кунем. Ин тасмими барои таъид ба нишасти сарони кишварҳо дар моҳи сентябр пешниҳод мешавад",- гуфт вазири тоҷик.

Ин бори аввал аст, ки кишварҳои муҳимми олами араб барои ҳамкорӣ ба СҲШ ҳусни ният нишон медиҳанд. Пештар коршиносон гуфта буданд, ки дар сурати ҷалб шудани кишварҳои муҳимми Ховари Миёна ба ин созмон, нақши он тасмимҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ асаргузортар мешавад.

Ҷалби Арабистони Саудӣ ба сифати кишвари ҳамкори муколамавии СҲШ дар ҳолест, ки сару садоҳо дар мавриди пазируфтани рақиби ҷиддии ин кишвар дар минтақа - Эрон ба сифати узви нави созмон дар нишасти сентябрии Душанбе вуҷуд дорад.

СҲШ имсол 20-сола мешавад ва садорати соли ҷашнии ин созмонро Тоҷикистон ба дӯш дорад. Имсол ҳамчунин дар Маҷмаии умуми 75-уми СММ созишнома дар бораи ҳамкории ин созмон бо СҲШ ба тасвиб расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.