Бидуни натиҷа ба поён расидани гуфтушуниди дурӯзаи ҳайати баландрутбаи ҳукумати Афғонитон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва гурӯҳи “Толибон” бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар, дар музокироти пеш аз Иди Қурбони Қатар, шакку гумонҳо ба бесарнавиштӣ дар ояндаи Афғонистонро зиёдтар кард.

Ин дар ҳоле, ки  даст ёфтани гуруҳи “Толибон” ба минтақаҳои бештар дар Афғонистон ва ҳамарӯза тасарруф кардани вулусволиҳои нав аз сӯйи онҳо нигарониҳои зиёдеро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба бор овардааст. Аз сӯйи дигар, тақрибан, аз 1400 км марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, тамоми он  ба назорати комили “Толибон” афтодааст ва ин ташвишҳои ҷиддиеро дар Тоҷикистон ба бор овард.

Баъди бад шудани вазъи амниятии ин кишвари ҳамсояи мо, вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки марзбонон ва хидматчиёни низомии Вазорати дифоъ, ки дар хатти дуввуми посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон хидмат мекунанд, ба реҷаи вижаи хидмат гузаронида шудаанд. Рӯзи 5-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти кишварро баргузор кард ва ба вазири дифоъ дастур дод, ки барои ҳимояти марз ва амнияти давлат 20 ҳазор неруи эҳтиётиро сафарбар кунад. Ҳамчунин дастур дод, ки дар минтақаҳое, ки неруи иловагӣ зарур аст, неру бифиристанд.

Ин тадбирҳо нигаронии сахту ҷиддии Тоҷикистонро нишон медиҳад. Аз сӯйи дигар ташвишҳо ва изҳороти соатдармиёни СПАД ва Русия нишон медиҳад, ки минтақаи пасошӯравӣ аз нуфузуи дигарбораи Толибон дар Афғонистон, хусусан дар шимоли ин кишвар сахт нигаронанд. Нигароние, ки суолҳои зиёд дар пай дорад. Дар ҳоле, ки дунёи Ғарб аз густариши Аморати исломии Толибон (Толибон худро чунин меноманд) мисли соли 2001 нигарон нест ва ҳузури низомии худро дар Афғонистон ба фарҷом мерасонад.

Аз сӯйи дигар вулусволиҳо ва минтақаҳо дар Афғонистон аксаран бидуни ҷанг ба дасти “Толибон” мегузаранд. Ҳукумати Афғонистон муқовимат накардан ва паснишинии неруруҳои  мусаллаҳи кишварашро “ақибнишинии тактикӣ” унвон мекунад.

Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳоло, тақрибан дар ҳеч навиштае дар паҳлуи номи гуруҳ дигар вожаи террористиро касе наменависад, ба трибунҳои муҳимми байнлмиллаие дар Маскаву Теҳрон раҳ меёбанд. Аз тарафи дигар, ин гуруҳ гӯиё аз худ чеҳраи мусбат доранд ба намоиш мегузорад. Низоми раводидро бо бархе кишварҳо бекор мекунад, таърифаҳои гумрикоро бекор мекунад ва сабукиҳое дар тиҷорату доду ситадҳо эҷод мекунад. Маскав ва мақомоту расонаҳои рӯсӣ ҳамвора дар ин рӯзҳои ахир “лексияи сиёсӣ” мехонанд, ки ин гуруҳ дигар тундрав нест ва тағйир кардааст.

Ин ҳама  заду бандҳо дар Афғоннистон ва дар марзҳои Тоҷикистон суолҳои зиёдеро халқ кардааст, ки ин шабу рӯзҳо дар ин ҷо чӣ мегузарад? Муомилаи нави абарқудратҳо ё тағйири сиёсатҳои ҷаҳонӣ? Чаро Русия сахт нигарон асту Чин ороми ором? Тоҷикистон бо “Толибон” ё дурустараш “Толибон” бо Тоҷикистон чӣ хоҳанд кард? Чаро Амрико тасмим гирифт, ки ҷанги Афғонистонро хатмнокарда неруҳояшро пас бикашад? Чаро “Толибон” якбора ба ҳамлаҳо пардохтанду ниме аз хоки Афғонистонро гирифтанд? Вазъи тоҷикон дар Афғонистон, ки замоне душмани сарсахти “Толибон” буданд чӣ мешавад? Кишварҳои минтақа чи тарҳе барои ояндаи Афғонистон ва минтақа доранд? Ҷойгоҳи Тоҷикистон  дар ин ошуфтабозори сиёсиву истихборотӣ чист?

Суоли 1. Дар Афғонистон чӣ мегузарад?

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон

Дар қазияи имрӯзи Афғонистон сахтарин кор ёфтани посух ба ҳамин суол аст, ки дар ҳақиқат дар Афғонистон чӣ мегузарад? Чаро “Толибон” якбора “зӯр” шуданду акнун ба таъбири худашон бештар аз 200 вулусволӣ (ноҳия)-ро дар ин кишвар ғасб карданд.

Ҳамдулло Муҳиб, мушовири амниятии раисҷумҳури Афғонистон оғози ин моҳ дар Вашингтон ба “Садои Амрико” ва ин ҳафта дар Маскав ба РИА Новости гӯё ба ин суол посух дод. “Толибон аз замони хуруҷи неруҳои хориҷӣ ва холигоҳе, ки дар ин давра ба вуҷуд омад истифода карда, бархе аз вулусволиҳоро ғасб карданд”.

Албатта масъалаи пешрафти “Толибон” ба ин содагӣ нест. Ин посух, албатта як посухи маҷбурӣ аст, вагарна ҳадди ақал ҷаноби Муҳиб набояд бо эҳтиром ба мансабе, ки дорад ин посухро бигӯяд. Чӣ гуна ҳукумати Афғонистон, як неруеро, ки 30 сол аст мешиносад ва бо он ҷанг мекунад, имкон медиҳад, ки аз холигоҳи хуруҷи неруҳои хориҷӣ истифода кунад.

Аз изҳорот, суханрониҳо ва шеваи бархӯрди раҳбарони Афғонистон бо ин пешрафтҳои “Толибон” дар вақтҳои ахир, эҳсос мешавад, ки раҳбарии Афғонистон аз ин ки манотиқи зиёде аз дасташон мераванд, сахт нигарон нестанд. Онҳо мисли пештара ба ҳалли сиёсии қазияи Афғонистон таъкид мекунанду дар хитобу ихторҳояшон на гуруҳи “Толибон”, балки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистонро тараф медонанд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар дар нишасти рӯзи 16-уми июли Тошканд бори дигар ба дахолати Покистон ва ҳимояташ аз Толибон таъкид кард ва аз ин кишвар интиқод намуд. Имрон Хон, сарвазири Покистон ҳам, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, аз ин суханҳои Ғанӣ нороҳат шуду барошуфт.

Вазири дифои навтаъини Афғонистон, суқути вулусволиҳоро ба дасти “Толибон”-ро як кори маъмул дар ҷанг медонад. Сухангӯйи ин вазорат ҳафтаи гузашта ба телевизиони “Тулуънеюс”-и Афғонистон гуфт, ки “Толибон” фақат рафтаанд ва дар ин маконҳо ҳузур доранд, аммо тамоми таъминоти ин манотиқ: аз маош то барқу хидматрасонии тиббиро ҳукумат мекунад.

Дар пасманзари ин ҳаводис, гуфтугузорҳо аз муомилаҳои пинҳонӣ ва тағйири стратегияи кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар Афғонистон ва минтақа аст. Хусусан, интиқол додани ҷанги Афғонистон аз ҷануби ин кивашр ба шимол. Ҳатто гуфтугӯҳое аст, ки зери ниқоби толиб дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯву террористӣ, аз қабили ДОИШ дар шимоли Афғонистон ҷоба ҷо карда мешаванд.

Раҳбарони "Толибон"

Русия аз ин нигарониҳои шадид мекунад. Чин, кишваре, ки пештар таҳлилгарон мегуфтанд, ки аз нигарон шудани марзҳои геополитикияш дар Осиёи Миёна, хусусан дар Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон сахт нигарон аст, ин ҳамаро бо як оромие мепазирад, ки шакку тардидҳоро ба вуҷуд овардааст.

Хулоса бозиҳои нави истихборотиву сиёсӣ ва муомилаҳои калони абарқудратҳо ва мавзеъгириҳои гуногуни кишварҳои дахил дар қазияи Афғонистон, хусусан ғарбиҳо, мавзуъи Афғонистонро сарбастататр кардааст.

Аз сӯйе ҳам, гуфта мешавад, ки суқути минтақаҳои зиёд ба дасти “Толибон” як навъ фишор ба ҳукумати Кобул аст, ки бояд Ғанӣ барои истеъфо розӣ шавад, ки як ҳукумати муваққат рӯйи кор биояду лоиҳаи ба қудрати сиёсӣ ҷалб шудани Толибон дар Афғонистро иҷроӣ кунад. Аммо Ғанӣ, дар конфронси Раванди Истамбул-Қалби Осиё 30-уми марти  2021 дар Душанбе шартҳои канор рафтанашро аз қудрат гуфт, ки зоҳиран аз сӯйи ҷонибҳои қазияи Афғонистон пазируфта нашуданд.

Ин ҳар чи ҳаст: муомилаи қавмӣ, тағйири стратегияи қудратҳо, бозиҳои сиёсии кишварҳои зидахл ё ҳатто ба тавофуқ расидани ҳукумату “Толибон”, аммо яқин аст, ки ҳамарӯза аз мардуми мазлуму маҳкуми Афғонистон қурбонӣ мегирад ва барои кишварҳои минтақа хатар меофарад. Хатаре, ки шояд дар оянда ҷуғрофиёи ҷангро ба марзҳои Осиёи Миёна бибарад ва ҷойҳои ороми дигареро ба хоку хун бикашонад.

Суоли 2. Чаро ИМА ҷангашро дар Афғонистон ба охир нарасонид?

Хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон

Мешавад гуфт, ки он чи имрӯз дар Афғонистон мегузарад, пас аз имзои тафовуқномаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо “Толибон”  дар 29-уми феравли соли 2020, дар Қатар шиддат гирифт. ИМА дар ин тавофуқнома пазируфт, ки аз Афғонистон берун меравад ва 12 ҳазор зиндонии толибро аз зиндонҳои Афғонистон озод мекунад. Баъадан бар пайи ин тавофуқнома музокироти мустақими ҳайати ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар оғоз шуд. ( 9 моҳ давом кард, ягон дастоварде надошт). Аммо ИМА тавонист болои ҳукумати Афғонистон фишор биоварад ва то ин замон  5,5 ҳазор толибро аз зиндонҳо озод кунад. Ҳоло гуфта мешавад, аксари ин зиндониҳо дубора ба сафи Толибон пайвастаанд ва дар суқут додани вулусволиҳо нақши фаъол доранд.

Аммо чаро ИМА тасмим гирифт, ки ҷангеро, ки дар Афғонистон оғоз карда буд, нотамом мегузораду ин кишварро тарк мекунад. ИМА-е, ки бо иддаои решакан кардани терроризм, тавофуқи кишварҳои дунёро ба василаи СММ ба даст оварда буд, Афғонистонро дар ҳолати бесарнавиштӣ тарк мекунад?

Доналд Тромп, яке аз бадномтарин раисҷумҳурҳои Амрико, хост, ки дар поёни маъмурияташ бо берун кашидани неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ба тӯлонитарин ҷанги кишвараш поён бидиҳад. Тромп шояд дар баробари дигари ҳадафҳои ин иқдом, мехост бо овардани як сулҳ ё тавофуқи нисбӣ дар Афғонистон миёни ҳукумат ва “Толибон” дар компайни интихоботияш ҳам истифода кунад.

Ин буд, ки баъди шикасти Тромп дар интихобот, музокироти байнулафғонӣ дар Қатар ҳам мутаваққиф шуд ва “Толибон” изҳорот доданд, ки мунтазири мавзеъгири раисҷумҳури тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден мемонанд.

Аммо Байден “Толибон” ва ҳукумати Афғонистонро зиёд мунтазир нагузошт. 14 апрели имсол, эълон кард, ки мехоҳад раисҷумҳуре бошад, ки ҷангеро, ки ИМА  бар пайи ҳаводиси 11-уми сентябри соли 2001 дар Афғонистон оғоз кард, хотима бахшад. Ва ин мероси чор раисҷумҳури Амрикоро ба раисҷумҳури панҷуми ИМА боқӣ нагузорад. Аз сӯйи дигар, Байден эълон кард, ки ИМА ба мувофиқатномааш ба Толибон пойбанд мемонад ва он бояд риоят шавад.

Байден далели хуруҷи ИМА-ро аз Афғонистон дар хитоб ба мардуми Амрико ин гуфт, ки “ИМА дигар наметавонад манобеашро болои ҷанге сарф кунад, ки натиҷааш номаълум аст ва тағйир карда наметавонад”.

Сафири вижаи ИМА барои Афғонистон Зулмай Халилзод ва раиси ҳайати "Толибон" Муллоғанӣ Бародар дар Қатар

Дар Афғонистон ин тасмими Амрикоро бисёриҳо ба боди интиқод кашиданд. Гуфтанд, ки ин хуруҷи ИМА ғайримасъулона аст. Бояд бо иддаое, ки омда буд, онро ниҳоӣ мекарду баъдан пас мерафт. Интиқоде, ки ИМА посухи рӯшане ба он надод ё надошт.

Вале як чизро бархе таҳлилгарон таъкид мекарданд, ки ИМА бо неруҳои НАТО ба Афғонистон барои саркӯб кардани “Ал-Қоида” омада буд, ки бо куштани Бен Лодан ба ҳадафаш расид. ИМА ҳеч гоҳе нагуфта буд, ки Толибонро саркӯб мекунад. Ҳатто дар мувоқатномае, ки бо “Толибон” кард, яке аз замонатҳое, ки аз ин гуруҳ гирифт ин буд, ки дигар бо “Ал-Қоида” ҳамкорӣ накунанд ва барои ин гурӯҳ бистар надиҳанд.

Аммо муҳимтарин нуктаи мувофиқатнома, ки умедвории зиёде барои мардуми Афғонистон дода буд – кам кардани хушунатҳо ва созишномаи фаврии оташбас ҳеч гоҳе ҳосил нашуд. Амрико, ҳарчанд ҳукумати Афғонистонро маҷбур кард, ки ниме аз зиндониҳои толибро раҳо кунад, вале талошҳои ҷиддие барои оташбас ва кам кардани хушунатҳо накард ва барои ин рӯйи “Толибон” ҷиддан фишор наовард.

Суоли 3: Муомилаи нави абарқудратҳо ё тағйири сиёсатҳои ҷаҳонӣ?

Ҳукуматдорони Афғонистон ҷанги имрӯзи ин кишварро ҷанги таҳмилӣ ва ниёбатӣ медонанд. Яъне ҷанге, ки баъзе гурӯҳҳо ба ниёбати баъзе кишварҳо барои манофеи онҳо меҷанганд ва худашон (Толибон) ҳеч барномае надоранд. Ҳамин тур дар Афғонистон “Толибон”-ро як воқеият медонанд, ки бояд мушкили ин гурӯҳ ҳал карда шавад. Вале онҳоро тарафи қазияи Афғонистон намедонанд. Пеш аз ҳама ин гуруҳҳро як ҳаракати дастнишондаи бархе кишварҳо, ки дар ҳоли ҳзир ҳомии сарсахти онҳо Покистон аст, медонанд.

Аз ин рӯ, ватқе баҳси ҷангу сулҳи Афғонистон матраҳ мешавад, ҳамеша ишора ба стратегия ва манофеи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст. Кишварҳое, ки ҳамеша тасмим гирифтаанд, ки дар Афғонистон ҷанг бошад ё сулҳ, Карзай раисҷумҳур бошад ё Абдуллоҳ, тоҷик дар қудрат бошад ё паштун. Ба ҳамин далел, ин яке аз факторҳои аслии ҷангу сулҳи Афғонистон аст. Ҳоло ба назар мерасад, ки баъзе аз қоидаҳои ин бозӣ дар Афғонистон тағйир ёфтааст.

Покистон бо ин нигарониҳо, ҳимоятҳои ғайрирасмияшро аз “Толибон” сахттар кардааст. Ин нигарониҳояшро Имрон Хон чор ҳафта пеш, дар як мақолае дар рӯзномаи “the Washington Post”  баён кард ва баъзе пардаҳоро аз он чӣ бардошт, ки имрӯзҳо дар минтақа мегузарад.  Имрон Хон навишт, ки кишвараш пешниҳоди ИМА-ро барои эҷоди пойгоҳи низомӣ напазируфт. Ҳамчунин то кунун ИМА муваффақ нашуд, ки дар яке аз ҳамсоякишварҳои осиёмарказии Афғонистон пойгоҳи низомӣ эҷод кунад.

Русия ҳампаймонони Осиёи Марказияшро нагузошт, ки ин пешниҳоди ИМА-ро бипазиранд. Ҳамин аст, ки “нуфуз”-и Толибон ба якборагӣ дар шимоли Афғонистон боло рафт. Дар ин авохир хабарҳое нашр шуд, ки Путин дар дидора бо Байден ба ИМА пешниҳод додааст, ки “метавонад аз пойгоҳҳои низомии Русия дар ОМ барои гирдоварии иттилоот дар бораи Афғонистон итифода кунад”.

Аммо Ашраф Ғанӣ дар охирин ҷаласаи ҳукуматаш эълон кард, ки Толибон бо ҳимояти Покистон ба ин пешравиҳо даст меёбанд ва гуфт, ки масъули хунрезиҳои ахири Афғонистон Покистон ва “Толибон” мебошанд.

Албатта ин гуфтаҳои Ғанӣ беасос нестанд. Вазири хориҷаи Покистон Шомаҳмуд Қурайшӣ моҳи гузашта дар як мусоҳибаи телевизионӣ бо шабакаи Тулуънеюси Афғонистон ба сахти пазируфта буд, ки Толибон аз кишвараш истифода мекунанд. Ду ҳафта пеш ҳам, вазири дохилаи ин кишвар гуфта буд, ки захмиҳои Толибон дар ҷангҳои ахир дар Афғонистон дар Покистон табобат мешаванд ва бархе кушташудаҳо ҳам дар ин кишвар дафн мешаванд. Аз сӯйи дигар неруҳои давлатии Афғнистон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо садҳо шиносномаву санадҳоеро нашр карданд, ки ҳувияти покистонии ҷангҷӯйни Толибонро таъйид мекард.

Имрон Хон, сарвазири Покистон

Аммо он чӣ воқеият аст, ин аст, ки “Толибон” нуқоти бисёр муҳими шимоли Афғонистонро тасарруф карданд ва акнун дар ин ҷо ҳукумат меронанд.

Албатта тарҳи аз ҷануби Афғонистон ба шимоли ин кишвар кӯчонидани ҷанги Толибон як пружаи пурбаҳс аст. Тақрибан мешавад гуфт, ки аз соли 2014-2015, баъди ба қудрат расидани Ашраф Ғанӣ дар Кобул баҳси ин тарҳ доғ шуд. Ин баҳс ҳамроҳ бо ҷо ба ҷо кардани ҷангҷӯёни осиёмарказии ДИИШ дар шимоли Афғонистон оғоз шуд.

Ато Муҳаммади Нур, раиси пешини вилояти Балхи Афғонистон ва яке аз раҳбарони пурнуфузи сиёсиву низомии тоҷикон дар ин кишвар, дар яке суханрониҳояш бархе аз ҷузъиёти ин тарҳро фош карда буд. Ҷаноби Нур дар ин суханронӣ гуфта буд, ки чор сол қабл (2015-2016 -АП) 12 хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ-ро аз Вазиристон ба Бадахшон интиқол доданд. Инҳо хонаводаҳое аз бародарони ӯзбакиву тоҷикии мо (зодагони Тоҷикистону Ӯзбакистон) буданд. Мо дар Кобул ҳам ба раисҷумҳур ва ҳам ба вазоратҳои масъул гуфтем, аммо касе парво накард.

Ҳоло вазъи имрӯзи шимоли Афғонистонро давоми ҳамон тарҳи ба шимол кӯчонидани ҷанги Толибон ва тағйири стратегияи ҳузури низомии ИМА  (ва кишварҳои ҳампаймонаш) дар ин кишвар медонанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки ба шимоли Афғонистон кӯчонидани ҷанг чӣ аҳаммияте дорад. Албатта посухи дақиқи ин суол шояд як китоб бошад. Аммо мухатасаран мешаванд ин пружаро чунин тавсиф кард.

Аз як сӯ, Ғарб мехоҳад, ҷанги ниёбатиро дар Афғонистон давом бидиҳад ва доманаи ҷангро ба марзҳои геополитикии Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ бикашонад. Аз сӯйи дигар таркибии қавмии ин ҷанг дар шимол дигар мешавад. Агар ҷанг дар ҷануб бештар шомили ҳоли паштунҳо буд, акнун дар шимол ҷанг дар баробари тоҷикон, узбакҳо, туркманҳо, қисмати бештари ҳазораҳо ва ҳатто аққалиятҳои майдае чун қирғизҳову дигар ақвоми майдаро низ дар бар мегирад. Ин ақвом дар Осиёи Марказӣ дар мисоли кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбакистону Туркманистон хоҳ ба лиҳози сиёсиву амниятӣ  ва хоҳ ба лиҳози тамаддуниву арзишӣ кишварҳои ҳомие доранд.

Чину Русия инро ба унвони наздиктар шудани ҷанг ба марзҳои худ медонад. Нигаронии Чин аз эҳтимоли густариш пайдо кардани ҷуғрофиёи ҳузури ҷангҷӯёни уйғур аст. Ин баҳс дар пасманзари  доғ шудани баҳси уйғурҳо дар сатҳи ҷаҳон хеле маънодортар шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷанг манофеи калонтари Чин, аз қабили пружаҳои роҳи оҳан ва тарҳи калону стратегии “Як камарбанд ва як масир” матраҳ аст. Кашондани ҷанг ба ин минтақа, ин тарҳҳои Чинро ба мушкили калон мувоҷеҳ мекунад.

Нигарониҳои Русия низ хеле рӯшан аст. Русия ба унвони як шикстхӯрдаи ҷанги манофеъ дар Афғонистон, ҳамеша ба дунболи нуфузи бештар пайдо кардан аст. Минбару бистарҳое, ки дар чанд вақти ахир барои Толибон фароҳам мекунад, ин мантиқро қавитар нишон медиҳанд. Вале аз сӯйи дигар Русия мутмаин нест, ки бо ҳимояташ аз Толибон метавонад ҷойи пояшро дар Афғонистон мустаҳкамтар кунад. Аз ин рӯ, мисли дигар қудратҳо бозиро дар чанд майдон идома медиҳад.

Аз сӯйи дигар, Русия падидаи толибонро барои мустаҳкамтар кардани мавқеаш дар Осиёи Марказӣ истифода мекунад. Ҳатто дар сурати зарурат, толибонро дар қиболи кишварҳои ҳампаймонаш, ба мисли Тоҷикистону Ӯзбакистону Туркманистон истифода мекунад, ки инро дар ин кишварҳо хеле хуб медонанд. Ҳамин аст, ки Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон ва расонаҳои русӣ, чеҳраи мусбате аз “Толибон” метарошанд.

Аммо дар ин ҳама бозиву стратегияҳо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки бетарафтарини онҳо Тоҷикистон аст, ба хатарҳои бисёр ва ҳатто тасаввурношудание дучор мешаванд.

Суоли 4. Толибон чанд дар сади Афғонистонро дар ихтиёр доранд?

Толибон ин шабу рӯзҳо ба дарвозаҳои Кобул наздик мешаванд, аммо иттилои дақиқе дар бораи мантиқи таҳти контроли Толибон вуҷуд надорад. Зеро вулусволиҳо хеле зуд миёни неруҳои ҳукумат ва Толибон дасти ба даст мешаванд. Ҳатто дар бархе вулусволиҳо, аз ҷумла дар Бадахшон неруҳои ҳукуматӣ 4-5 соат пештар аз омадани Толибон ин вулусволиҳоро тарк карданд. Аммо он чи дақиқ аст, “Толибон” наздик ба 40 дар сади Афғонистонро дар ихтиёр доранд.

Тибқи иттилои ахире, ки ниме аз онро ҳукумати Афғонистон намепазирад, Толибон бештар аз 200 вулусволии Афғонистонро дар ихтиёр доранд.

Ҳарчанд то имрӯз ҳеч вилоятеро комилан нагирифтаанд, аммо ба ҷуз Панҷшер, дигар дар тамоми вилоятҳои ин ин кишвар, аз се вулусволӣ боло ба дасти Толибон аст. Дар баъзе вилоятҳои то 80-90 дар сади влоят, ба ҷуз маркази он, дар тасарруфи Толибонанад. Азҷумла дар Бадахшону Тахор ба ҷуз марказҳои вилоят ва як дуто вулусволӣ. Дар Ҳироту Форёб ҳам. Ҳатто дар вилояти Балх, бештари ҳудуди ин вилоят низ дар дасти Толибон аст. Дар 9 вилояти шимоли Афғонистон бештари вулусволиҳо ба дасти Толибон афтодааст.

Ин дастёбии Толибон ба бахшҳои зиёди Афғонистон нақши онҳоро дар тавозуни сиёсӣ ва идомаи музокирот барои даст ёфтан ба сулҳ, хеле тағйир дод. Ҳамин аст, ки ҳайати баландрутбаи Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар музокироти дурӯза, дар Қатар пеш аз Иди Қурбон ба ҳеч коре муваффақ нашуд.

Ин буд, ки баъди ин сафар, Ғанӣ дар суҳбатҳои идияш бо асабоният мегуфт, ки тамом, сулҳро бояд дар майдонҳои ҷанг суроғ кард.

Суоли 5. Оё Толибон хатаре барои Тоҷикистон ҳастанд?

Омодагиҳои низомии Тоҷикистон дар баробари хатарҳои эҳтимолии "Толибон"

Ин ки “Толибон” барои Тоҷикистон як хатаранд бебаҳс аст (Толибон хатар ва таҳдиди ҷиддие барои тамоми башариятанд). Эмомалӣ Раҳмон дар сафари ахираш ба отрядҳои марзбони Панҷу Ҳамадонӣ, Тоҷикистонро дар ҷанг бо Толибону терроризм минтақаи буфферӣ барои кишварҳои Шӯравии собиқ ва ҳатто Иттиҳодияи Аврупо гуфт. Ин амалан маънои онро дорад, ки агар ҷанги Толибон ба беруни Афғонистон бикӯчад, дар қадами аввал дар муқобили Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҳарчанд бисёре аз коршиносон, аз ҷумла аксари коршиносони Русия такрори ба такрор мегӯянд, ки Толибон ба Тоҷикистон нахоҳанд гузашт, аммо аз хатарҳои эҳтимолии онҳо низ ҳарф мезананд. Чанде пеш Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ин гуруҳи террористӣ бо ТАСС-и Русия дар як мусоҳиба гуфт, ки онҳо барои Тоҷикистон хатаре эҷод намекунанд ва бо ин кишвар ҳамкории мусолиматомез ба роҳ хоҳанд монд.

Ин андешаро ҳатто коршиносони дохили Тоҷикистон ҳам доранд. Толибон ҳатто визаро барои ронандаҳои Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои зери тасарруфашон бекор карданд, сабукиҳо эҷод карданд.

Вале, оё магар чеҳраи асливу воқеии “Толибон” ҳамин аст? Аммо оё мешавад ба ҳаракати “Толибон” бовар кард? Ба гуруҳе, ки навзодҳоро дар зоишгоҳҳо, мактабхонҳоро дар мадраса, донишҷӯёнро дар донишгоҳҳо, муллоҳову намозгузоронро дар меҳробу масҷид ва дигар мардуми одиву бегуноҳро дар хиёбону бозорҳо ба таври ваҳшиёнае инфиҷор медиҳаду пора-пора месозад, мешавад бовар кард? Албатта ҳеч гоҳе на.

Ҳарчанд баҳси Толибон дар берун аз Афғонистон бо баҳси онҳо дар дохили Афғонистон фарқ мекунад, аммо шинохти асосӣ то имрӯз аз “Толибон” ин аст, ки онҳо ба ҳеч қонуне на исломӣ ва дунявӣ пойбанд нестанд. Гузашта аз ин онҳо гурӯҳи мустақилу тасмимгир нестанд, стратегияи идомаи ҳузури онҳо дар минтақа бештар ба ҳомиёнашон ва камтар ба худашон марбут аст.

Хусусан дар шароите, ки дар сафи Толибон  аз вуҷуди садҳову ҳазорҳо ҷангҷӯйи зодаи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гуфта мешавад ва ҳаводиси ноҳияи Моҳимайи Дарвоз дар зимистони имсол, ин гуфтаҳоро дар воқеият нишон дод.

Аз сӯйи дигар, нигарониҳои шадиди Тоҷикистон ҳам дар сатҳи ниҳодҳои низомиву дифоӣ ва ҳам дар сатҳи раҳбарии олии сиёсӣ, баёнгари он аст, ки Толибон хатари ҷиддие барои Тоҷикистон ҳастанд ва ҳар замоне метавонанд ин хатарро эҷод кунанд. Ин ҳам дар шароите, ки Тоҷикистон ва раҳбарони он борҳо, такрори ба такрор эълон кардаанд, ки дар ин баҳсу ҷанг аз ҳукумати расмии Кобул ҳимоят мекунанд. Аз ҳукумате, ки толиб бо он меҷангад ва мехоҳад онро аз миён бибарад ва ҷойи онро бигирад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ду ҳафта пеш дар мулоқоташ бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятии расиҷумҳури Афғонистон дар баробари суқути вулусволиҳо ба дасти Толибон, ҳамчунин аз ҷо ба ҷо шудани неруҳои зиёди ДОИШ дар шимоли Афғонистон изҳорот дод. Ин изҳороти Русия дар ҳолест, ки худи ин кишварро дар шадид кардани вазъ дар шимоли Афғонситон ва ҳимоят аз Толибон муттаҳам медонанд.

Русия дар соли гузашта ва имсол дар ҳоле ду бор раҳбарони Толибонро ба Маскав даъват кард, ки ин гуруҳ дар рӯйхати гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар қарор дорад. Аз сӯйи дигар, коршиносон ва расонаҳои русӣ ҳамеша, пеш аз ҳукумати Тоҷикистону ниҳодҳои низомии Тоҷикистон аз хатари гуруҳҳои тундагрои доишиву толибӣ дар марзҳои Тоҷикистон ҳушдор додаанду бонги изтироб задаанд. Ҳарчанд Русия ин нигарониҳои худро бо таъмини амният дар марзҳои кишварҳои ҳампаймонаш дар Осиёи Марказӣ асоснок мекунаду онро хатаре ба амнияти кишвари худ талаққӣ мекунад.

Вале агар тарҳи Толибонро ба унвони як падидаи берун аз Афғонситон бингарем ва онро дар баҳси кишварҳои абарқудрат қарор бидиҳем, Толибон хатари ҷиддие барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳастанд. Хусусан дар шароите, ки сару садоҳо аз интиқоли ноамниҳо ба наздиктари марзҳои Чину Русия суҳбат мешавад. Хусусан пазируфтани ором-орми “пешравӣ”-ҳои Толибон аз сӯйи Чин, ин мавзуъро пурмуаммотар кардааст. Ҳарчанд ҳама медонанд, ки Чин дар ин баҳс як шарики содиқтари Покистон аст ва бештар аз мавқеи Исломобод пуштибонӣ мекунанд. Хусусан дар замони тирагии равобити Покистону ИМА ва сардии равобити худаш бо Амрико.

Санҷиши омодагии ҷангии Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз сӯйи раисҷумҳур

Вале он чи маълум аст, Толибон аз ҳоло дардисарҳое барои Тоҷикистон эҷод кардаанд. Гузаргоҳи муҳими тиҷоративу гумрукии Шерхон Бандари Афғонистон ба дасти Толибон аст, ки зарбаи хеле сахте дар ин шароит ба иқтисоди Тоҷикистон мезанад. Хусусан, дар шароити сахтиҳои пандемия ва баста будани марзҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон. Ҳарчанд “Толибон” ин гузаргоҳо боз нигоҳ доштаанду сабукиҳое ҳам додаанд, аммо савдои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон комилан зарар дидааст. Зеро ҳукумати Афғонистон дар мониқе, ки дар даст дорад намегузорад, ки молу колоҳо ба ин гузаргоҳ оварда шаванд.

Дар баробари зарбаҳои иқтисодӣ, дар сурати ба сулҳ нарасидану шиддат гирифтани ҷанг яке аз дардисарҳо барои Тоҷикистон гурезаҳои зиёди эҳтимолӣ аз ин кишвар аст, ки шумораашон метавонад то садҳо ҳазор бошад. Ин ҳама барои Тоҷикистон душвориҳоест, ки Толибон дар қадами аввал меоранд.

Аммо хатари аслӣ ва ҷиддӣ хатари амниятист. Хусусан эҳтимоли интиқоли ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи Толибон қарор доранд ва ҳатто худи “Толибон”.

Хатари дигар интиқоли мафкура ва ҷаҳонбинии толибонӣ тавассути таблиғоти расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоиву марказҳои коршиносиву таҳлилилӣ аст. Мафкурае, ки дунё бо он созиш надорад ва Тоҷикистон ҳам онро хилофи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорияш медонад.

Сарфи назар аз замонатҳои Русия ва кишварҳои узви СПАД, дар сурати интиқоли Толибон ба Осиёи марказӣ, барои Тоҷикистон мубориза бо ин падида хеле сахт хоҳад буд. Хусусан баъди иммунитете, ки “Толибон” аз солҳои 90-ум ва ҷанги 20-сола бо ИМА-ву НАТО пайдо кардаанд.

Аз сӯйи дигар Толибон хатари ҷиддие барои ҳадафҳои милливу фарҳангӣ ва тамаддуниву арзишии Тоҷикистон дар Афғонистон мебошанд. Сарфи назар аз ҳама нуқтаназарҳои дипломативу ҳуқуқибашарӣ, Толибон як ҳаркати паштунмеҳвар дар Афғонистон мебошанд, ки дар мухолифати ҷиддӣ бо қавмҳои дигари Афғонистон, хусусан тоҷикҳо қарор доранд. Дар давраи ҳукумати 5-солаи Толибон дар Афғонситон (1996-2001) муқовимат ва ҷанги асосиро бо Толибон тоҷикҳои Афғонистон карданд, ки дар саргаҳи онҳо сипаҳсолор ва чеҳраи устураии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуди тоҷик қарор дошт.

Гузашта аз ин, Афғонистон барои тоҷикон ва Тоҷикистон ҷуғрофиёи бисёр муҳтарам аст. Ин кишвар дар сарнавишти сиёсии тоҷикон дар қарни 20 ду бор нақши таърихӣ гузоштааст. Яке дар солҳои 20-уми асри 20. Ташкили ҳукумати тоҷикии  Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, яке аз далелҳои аслие буд, ки Тоҷикистон ҷумҳурии иустақиле дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва аз тобеияти Ӯзбакистонӣ Шӯравӣ берун омад.

Дигаре дар поёни қарни 20, дар замони ҷанги шуми шаҳрвандӣ паногоҳе барои гурезаҳои Тоҷикистон шуд ва ҳамин тавр будани давлати тоҷикон дар ин кишвар (ҳукумати таҳти хатари Раббониву масъуд) таҳдоби сулҳи Тоҷикистонро гузошт.

Суоли 6: Сарнавишти тоҷикон дар марҳилаи нави Афғонистон ба куҷо мекашад?

Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони устураии тоҷикон дар қарни 20

Тоҷикон дар Афғонистон мардуми аслӣ ва бумиянд. Ин ҷуғрофиё хостгоҳи ниме аз тамаддуни оламшумул ва пурифтихори эронӣ (ба маънои тамаддунӣ, на ҷуғрофёии имрӯзӣ) аст. То ин ки қавмҳои дигар ба ин ҷо биоянду соҳиби қудрати сиёсӣ шаванд, тоҷикон дар ин ҷо тамаддуни сохтаанду давлатдориҳо доштанд. Вале баҳси имрӯзии тоҷикон  дар бофтори  сиёсии Афғонистон, хусусан назари қудратҳову бозигарони  дахил дар Афғонистон, аз баҳси таърихии онҳо фарқ мекунад.

Вақте дар баҳси ҷангу сулҳи Афғонистон, мавзуъи қавмӣ будани бисёре аз қазияҳои Афғонистон матраҳ мешавад, ин пеш аз ҳама тақобул ва муқовимати паштунҳо бо тоҷикҳо аст (баҳси қавмҳои дигар баъди тақобули паштуну тоҷик қарор мегирад. Хусусан ҳазораҳову туртаборҳо). Ин баҳс ва ин тақобул, баъди шикастани ҳукуматдории 200-солаи паштунҳо аз сӯйи Ҳабубуллоҳхони Калаконӣ маъруф ба Баччаи Сақо, тоҷике аз канори Кобул шиддати бештар гирифт ва дар ҷанги Афғонистон бо Шӯравӣ, нақши Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ дар раҳбарии ҷиҳод, тавозуни ин баҳсу бозиро ба манфиати тоҷикон бештар тағйир дод.

Муқовимат ё ҷанги мардуми Афғонистонро бо “Толибон” тоҷикон раҳбарӣ ва мудирият мекарданд, ки дар саргаҳи он Аҳмадшоҳи Масъуд қарор дошт. Яъне тоҷикон душмани деринаи “Толибон”-и паштунмеҳвар низ ҳастанд. Ва дар ҳамин шабу рӯзҳое, ки ҳам хезишҳои мардумӣ дар Афғонистон шакл мегиранд, бештари чеҳраҳои сиёсиву низомии тоҷикони Афғонистон дар раъси ин хезишҳо қарор гирифтаанд.

Ҳатто Мулло Умар, роҳбари пешини “Толибон” таасубе дошта, ки ҳеч гоҳе бо форсӣ суҳбат намекардааст. Сайид Исҳоқ Гелонӣ, яке аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Афғонистон дар барномаи “Коктус”-и шабакаи “1”-и Афғонистон гуфт, ки вақте дар замони Аморати исломии Толибон бо як паёме ба Кандаҳор ба ҳузури Мулло Умар рафта буд, пеш аз он ки ворид шавад, муроқибони амири Толибон барояш як гап гуфтанд. Гуфтанд, ки бояд бо Мулло Умар бо паштуӣ суҳбат кунӣ ва ӯ аз касе, ки форсӣ гап мезанад, хушаш намеояд.

Бархе аз чеҳраҳои сиёсии раҳбарони тоҷикони Афғонистони имрӯз

Ҳарчанд ҳоло дар саффи “Толибон” тоҷикони зиёде пайвастаанд, аммо инҳо нафарони радаҳои сеюми чоруми ин гуруҳ ҳастанд ва нақше дар тасмимгириҳои Толибон гузошта наметавонанд. Муносибатеро, ки Толибон дар ин рӯзҳои ахир дар баробари тоҷикони бадахшонии Кундуз карданд, нишон дод, ки тоҷикони толиб, ҳеч гуна нақше барои тағйир додани стратегияи Толибон гузошта наметавонанд.

Аммо аз он ҷо, ки сарнавишти Афғонистон дар солҳои ахир бештар аз сӯйи қудратҳо маълум мешавад, масъалаи чигунагии ҳузури тоҷикҳо ҳам дар Афғонистон ба навъи сиёсатҳои ҳамин қудратҳо марбут аст. Ҳимоят нашудани ҳукумати Калаконӣ дар солҳои бистуми қарни гузашта ва ҳукумати Масъуду Рабонӣ дар поёни ин қарн аз сӯйи Ғарбу ва Русияву Чин далели ин гуфтаҳост.

Гелонӣ дар барномаи ёдшуда як ҳарфи дигаре, ҳам гуфт, ки хеле реша дар воқеиятҳои Афғонистон дорад. Ӯ гуфт, ки Зулмай Халилзод дар конфронси аввали Бонн як гап дошт, ки “раисҷумҳури ояндаи Афғонистон бояд як паштун бошад, дурронӣ бошад, аз Кандаҳор бошад ва Карзай бошад”.

Аммо ин ба ин маъно нест, ки тоҷикон дар Афғонистон ба бесарнавиштии номуайяне гирифтор мешаванд. На, зеро тоҷикон ва тамаддуни тоҷикӣ дар Афғонистон ҳастаи асосии фарҳанг ва иқтисодро ташкил медиҳад. Тоҷикон дар Афғонистон як воқеияте ҳастанд, ки ҳеч бозие дар ин кишвар наметавонад бе ҳузури онҳо, ё аз саҳна дур кардани онҳо бигазарад. Аммо тағйири стратегия ва макони ҷанг ба Шимол, таъсири бисёр сахте ба мавқеи тоҷикон дар Афғонистон мезанад.

Зеро дар ин бозӣ ду мавзуъ матраҳ аст: яке пешгирӣ аз пайвастани тоҷикони ду сӯйи дарёи Омӯ бо ҳам ва ташкил шудани як қудрати нави минтақаии тоҷикон. Ин душманони зиёде доред: аз ҳамсояҳои турктабори давру бари мо гирифта то Чину Русияву Ғарб. Ҳатто Эрон бо ин тарҳ мувофиқ нест ва аз он ҳимоят намекунад.

Ҳамин аст, ки ҳоло ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳама кишварҳои минтақа дар сатҳҳои гуногуне то Толибон вориди музокираву муомила шудаанд. Ҳатто Туркманистоне, ки расман “нейтралитет” дорад.

Албатта, Тоҷикистон ҳам ҳеч гоҳе ҷасорат нишон надодаву аз ин тарҳ сухане назадааст. Аммо ин тарҳ, ки заминаҳои фаровони арзишиву ҷуғрофиёву тамаддуниву ҳатто геополитикии зиёде дорад, як воқеиятест, ки метавонад таҳаққуқ пайдо кунад. Мутаассифона дар 150 соли ахир, талошҳо бештар бар ин буда, ки заминаҳои ба ҳақиқат табдил шудани ин тарҳ хунсо карда шавад.

Дувум, шуруъи Бозии бузурге, ки назарияпардозҳо таърифи онро солҳо пеш карда буданд, ки дар саргаҳи он ҷанги иқтисодӣ ва геополитикии қудратҳо меистад, ки барои кишварҳои бечораи Осиёи Марказӣ хатари бисёр бузурге аст.

***

Албатта баҳси нави Толибон дар чаҳорчӯбаи сиёсатҳо дар минтақа ва ҷаҳон падидаи ношинохтатар аст, вале агар ба таври пешакӣ хулоса кунем, Толибон хатар ва мушкиле на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои аксари кишварҳои минтақа боқӣ мемонанд. Хатарноктар ин аст, ки кишварҳои қудратманд ин хатарро барои манофеи милливу стратегии худ бештар аз пеш истифода кунанд.