Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 август Никол Пашинянро дар робита таъин гардидан ба мансаби олии сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва омода аст, ки ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар ҳамаи самтҳо рушди афзоишёбанда диҳад.

“Итминон дорам, ки ҳамкориҳои зичу гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон бо такя ба анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо дарназардошти манфиатҳои ду давлат боз ҳам рушд хоҳанд кард”, - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки қаблан президенти Арманистон дар бораи сарвазири кишвар таъин шудани номзади аз ҷониби фраксияи "Гражданский договор" пешниҳодгардида Никол Пашинян амр ба имзо расонид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.