Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода 3 август бо сафари расмӣ ба Эрон рафт. Дар фурудгоҳи байнулмилалии ин кишвар ӯро намояндагони воломақоми парлумони Эрон пешвоз гирифтанд.

Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар фурудгоҳи Теҳрон Зокирзода зимни суҳбат бо намояндагони парлумони Эрон густариш бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду мамлакатро аз аҳдофи марказии сафари хеш арзёбӣ намудааст.

“Итминон дорам, ки сафари мо дар инкишофи робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар, ки дорои таъриху фарҳанг ва забони муштарак мебошанд, нақши муайянеро анҷом хоҳад дод”, - иброз доштааст вай.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 5 август Зокирзода дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ширкат хоҳад варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.