Дар доираи сафари давлатӣ ба Турманистон президенти Тоҷикистон ба зиёрати чанде аз иншоооти муқаддаси ин кишвар рафт. Аз ҷумла дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод кард. Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал овард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ”-и шаҳри Ашхобод Эмомалӣ Раҳмон бо арзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ашхобод эҳтиром ба ҷо оварда  дар назди “гулхани абадӣ” гулчанбар гузошт.

Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф овард. Пас аз шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузошт.

1/6

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Туркманистон ташриф овард. Дар ҷараёни сафар байни давлатҳо як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Зимни дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон тамоми масоили калидии марбут ба ҳамкориҳои мутақобилаи байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.