Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 6 август дар вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваз” дар Туркманистон доир мегардад, иштирок мекунад.

Барои иштирок дар вохӯрӣ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон - Садир Жапаров ва президенти Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев низ ба ин ҷо ташриф оварданд.

Сарони кишварҳо масоили рушди босуботу устувори минтақа, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳоро баҳри муовмимат бо пандемия мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

“Дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон, ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумат.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишаст Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул мешавад. Дар назар аст, ки президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо сарони кишварҳои минтақа гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор намояд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваз” дар Туркманистон боз панҷ чорабинии бузурги байнулмилалӣ дар чаҳорчӯби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Муколамаи занон-пешвоёни кишварҳои минтақа, Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байнулмилалӣ ва Намоишгоҳи таъомҳои анъанавӣ, инчунин Консерти идонаи устодони ҳунару санъати кишварҳои минтақа аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо мебошанд.

Нишасти Ашқобод сеюмини вохӯрии сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Нишасти аввал соли 2018 дар Нур-Султон ва вохӯрии дуюм - соли 2019 дар Тошканд баргузор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.