Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов нимаи моҳи сентябр ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Ӯ дар нишастҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба сифати меҳмони шахсан аз ҷониби сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватшуда иштирок мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон дар Душанбе ҳамзамон нишастҳои сарони кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки ҳайатҳои баландпояи 17 кишвари ҷаҳон, инчунин дабирони кулли СҲШ ва СААД барои иштирок дар нишастҳо дар Душанбе гирдиҳам меоянд.

Дар рӯзҳои баргузории нишастҳо маркази Душанбе барои ҳаракати нақлиёт қариб комилан баста шуда, дар пойтахт чораҳои шадиди амниятӣ андешида хоҳанд шуд.

Айни замон 8 кишвар - Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СҲШ мебошанд.

Давлатҳои нозир дар ин созмон Эрон, Беларус, Муғулистон, Афғонистон ва шарикони муколама - Арманистон, Непал, Озарбойҷон, Туркия, Камбоҷа ва Шри-Ланка мебошанд.

Ба ҳайати СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.