Вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбе, 29 август ҷиҳати баррасии вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Покистон раҳсипор мегардад, хабар медиҳад Reuters.

Вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас ҷиҳати баррасии вазъ дар минтақа ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон - Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Покистон, инчунин Туркия ва Қатар сафар мекунад.

Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, ӯ ният дорад ба тавофуқ бирасад, ки дар ин кишварҳо ба афғонҳои хоҳиши кӯчидандошта ҳуҷҷат диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи чӣ гуна кумак расонидан ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷониби Олмон дар рафъи оқибатҳои тағйирот дар Афғонистон дар меҳвари мулоқотҳо қарор хоҳад дошт.

"Сари он сухан хоҳад рафт, ки мо - ҷомеаи ҷаҳонӣ бо воқеиятҳои нав дар Афғонистон чӣ гуна муносибат хоҳем кард ва бо кадом шартҳо омодаем бо ҳукумати нав созиш кунем", - гуфт ӯ рӯзи панҷшанбе дар Берлин.

Ба гуфтаи Маас, ба сафоратхонаҳои Олмон дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон "дастур дода шудааст, ки ба ҳамаи кормандоне, ки дар маҳал кироя шудаанду аллакай санади тасдиқи кӯчиданро доранд, ҳуҷҷатҳои хуруҷ дода шавад".

Маас илова кардааст, ки вай инчунин аз Туркия ва Қатар боздид хоҳад кард, чун дар ин масъала онҳо "нақши муҳим доранд".

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.