Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов 1 сентябр ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимодномаи худро супорид.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон таманниёти неки президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Туркия расонид.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки 5 июл бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз ин мансаб озод карда шуда, ба ин вазифа домоди президент Ашрафҷон Гулов таъин шуд.

Қобили зикр аст, ки Ашрафҷон Гулов ҳамсари духтари президенти Тоҷикистон мебошад. Қаблан ба ҳайси консули Тоҷикистон дар Русия фаъолият намуда, то таъинот ба ин мансаб роҳбари яке аз раёсатҳои ВКХ Тоҷикистон буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.