Дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), ки 16 - 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, намояндагони кишвари Афғонистон ширкат намекунанд.
Афғонистон, ки дар СҲШ ҳамчун мақоми кишвари нозирро дорад, тибқи муқаррарот бояд дар ҷаласаҳои ин созмони ширкат кунад.
Дар ин бора, хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба як манбаи наздик ба созмон хабар додааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин ба он вобаста аст, ки то ҳол ҳукумати нави Афғонистон аз ҷониби кишварҳои узви созмон расман эътироф нашудааст.
Ҳамчунин, дар рӯихати меҳмонони саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон нашр намудааст, исми намояндагони Афғонистон нест.
Дар иттилоияи гуфта мешавад, ки дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Чин Си Ҷинпин (онлайн), президенти Қирғизистон Содир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд.
- Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид, - омадааст дар хабар.
Аз ин пештар, як мақоми баландпоя аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “ҳоло муайян нест, ки дар ҷаласаи душанбегии СҲШ Афғонистонро кӣ намояндагӣ хоҳад кард”.
Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад,17 сентябр дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули ҳамаҷонибаи афкор мекунанд.
15-уми сентябр Толибон ҳукумати Кобулро ба даст гирифтаанд, ва чанде пеш ҳайати ҳукумати худро эълон намуданд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол онҳоро ба расмият нашинохтаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Даргузашти Соя, муаллифи шеъри маъруфи “Лаби хомӯш", ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дошт
Aleph ва Reddit хидматрасони таблиғгарон дар бозорҳои рушдёбандаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошанд
Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир
Таҳримҳои зидди Русия ба афзоиши содироти маҳсулоти соҳибкорони тоҷик сабаб шуд
Як ронанда дар Душанбе барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд
Дар Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон 123 нафар ғарқ шуданд
Дар Олимпиадаи Ҳиндустон се шоҳмотбози тоҷик меъёрҳои устоди байнулмилалиро иҷро карданд
Пешниҳоди таъсиси гуруҳ ба диаспораи ӯзбекон дар Перм барои иштирок дар ҷанг бо Украина
Фурӯши билет ба қатораҳои самти Русия оғоз шуд. Чанд пул нарх дорад ва дар куҷо метавон харид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста