Дар Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин бино ба итмом расидани мӯҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре Раёсати иттилотти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарик стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми шоистаи сафир Лю Бин дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва ба кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.
Қобили зикр аст, ки Лю Бин аз моҳи декабри соли 2018 ба ҳайси сафири Чин дар Тоҷикистон кор мекард. То таъинот ба ин мансаб вазифаи муовини директори департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии ВКХ Чинро ба уҳда дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста