Дар доираи сафари расмӣ ба Қазоқистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов мулоқот анҷом дод.

Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси милии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ ба тамоили рушди босуръати шаҳри Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид сохт, ки васеъ намудани робитаҳои байни воҳидҳои маъмуриву ҳудудии ду кишвар, қабл аз ҳама пойтахтҳо муносибатҳои байнидавлатии моро қавитар мегардонад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Дар ин самт, омодагии шаҳри Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳибкорону ширкатҳои ҳавасманди Қазоқистон бобати ҷалби сармояи мустақим ва истифодаи самараноки фазои мусоиди соҳибкории пойтахт, иброз гардид.

Дар фарҷоми музокираҳо Рустами Эмомалӣ ва Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро дур хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд, ки амалигардонии он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва равобити дӯстии байни пойтахтҳо шароити бештар фароҳам меорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.