Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба Қазоқистон рӯзи 23 сентябр бо раиси Сенати парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев дидору гуфтушунид кард.
Тавре маркази матбуоти Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили рушди робитаҳои байнипарумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.
Рустами Эмомалӣ саъйу талош ва нақши раҳбарияти олии Тоҷикистону Қазоқистонро дар тавсеъа ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба таъкид дошт.
Зикр шуд, ки сарфи назар аз пандемия, соли 2020 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ба нишондиҳандаи 1 млрд доллар наздик шуда, дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ин рақам қариб 100 млн доллар зиёд шудааст.
Зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Афғонистон бараасӣ ва зикр шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон, қабл аз ҳама, таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд.
Пас аз мулоқоти ҳайатҳо маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Санади мазкурро аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ба имзо расониданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвари дӯсти Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон дар назди Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи шаҳидони роҳи озодии Қазоқистонро пос дошт.
Ёдрас мекунем, ки дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳуриро раисони кумитаҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар Нур-Султон дидору гуфтушуниди Рустами Эмомалӣ бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста