Дар доираи сафари расмӣ дар Фаронса президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ду кишвар судманд омодагии худро иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Фаронса омода аст.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурда шуд.
Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзур кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста