Як фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Қадам Исматовро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд. Идораи шиносномадиҳии шаҳри Саратови Русия Исматовро дар ин бора хабардор кардааст.
Исматов рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст,, ки "пайваста дар Интернет аз камбудҳои мақомоти Тоҷикистон менависад ва баъди лағви шаҳрвандиаш аз эҳтимоли истирдод шудан ба кишвар нигарон аст".
Моҳи марти соли гузашта Раёсати корҳои дохилии Саратов масъалаи бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматови 58-соларо матраҳ карда буд, аммо додгоҳ моҳи декабри соли 2020 баҳсро ба нафъи ӯ ҳал карда буд. Исматов соли 2005 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд.
Қадам Исматов мегӯяд, мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро 22-юми сентябр бекор кардаанд, аммо ӯро се рӯз пеш тавассути почта огоҳ кардаанд.
"Вақте ба Идораи паспортдиҳии Саратов муроҷиат кардам, гуфтанд, гуё дар вақти дарёфти шаҳрвандӣ маълумоти нодуруст пешниҳод карда будаам. Ман аз соли 2005 шаҳрванди Русия ҳастам. Чаро маҳз имрӯз маълумоти пешниҳодии ман нодуруст баромад?",-гуфтааст ӯ.
Исматов пас аз адои хидмати сарбозӣ дар Русия, аз соли 1993 ба ин тараф дар Саратов зиндагӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста