Дар пайи тағйироти кадрии имрӯз раисони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳам барканор шудаанд. Дар ин бора манобеи "Азия-Плюс" дар ҳукуматҳои Леваканду Восеъ хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи манбаъ, Зарина Давлатзода аз вазифаи раиси шаҳри Леваканд озод ва Бунафша Файзиддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин шудааст. Файзиддинзода то ин таъинот ба унвони муовини раиси ноҳияи Данғара кор мекард.
Ҳамчунин ба ҷойи Шарбатуллои Азизулло, раиси акунун собиқи Восеъ, Ҷамшед Шарифзода раиси ноҳия таъин шудааст, ки ахирӣ низ то имрӯз мансаби муовини раиси ноҳияи Данғараро дошт.
Имрӯз ҳамчунин манобеи "Азия-Плюс" аз барканории раисони чанд шаҳру ноҳияи дигар ҳам хабар дода буданд.
Аз ҷумла Бахтиёр Назарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд.
Ба гуфтаи манбаи мо, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Даврон Нишонзода раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ноҳияи Носири Хусрав буд.
Раиси пешини Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол бознишаста шудааст ва раиси нави ноҳияи Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода шудааст, ки то ин замон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Қубодиён буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста