Бо ташаббуси ҷониби Арманистон шоми 17 ноябр суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвазири Арманистон ҳамчун раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя намуда,  ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд.

Қобили зикр аст, ки вазъият дар марзи байни Арманистону Озарбойҷон рӯзи 13 ноябр шиддат гирифт. Дар Вазорати мудофиаи Арманистон изҳор намуданд, ки қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон кӯшиш кардаанд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд ва бо ин сабаб байни низомиён тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти ВАО, артиши Озарбойҷон аз самти вилоятҳои Сюникс ва Гегаркуникс қаламрави Арманистонро убур кардааст.

Дар ин робита Арманистон ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва президенти Русия Владимир Путин муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки дар ба эътидол овардани вазъ кумак кунанд.

Пас аз гуфтугӯи вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо ҳамтоёни худ аз Арманистону Озарбойҷон, ҷонибҳо ҷиҳати қатъи оташбас дар сарҳад тадбирҳо андешиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.