“Бо мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар чорчӯбаи Созмон пешниҳод менамоем, ки ҷиҳати бартараф намудани маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар ҳамагирӣ ҷоригардида, ҳамчунин монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд”, - пешниҳод намуд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ, ЭКО), ки 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти Созмонба шумор рафта, имрӯз ҳиссаи кишварҳои аъзои ЭКО дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳудуди чил фоиз аз ҳаҷми умумии он қарор дорад.

“тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамагӣ 8%-и ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Созишномаи тиҷоратии ЭКОТА, ки солҳои зиёд мавриди ҳамоҳангӣ қарор дорад ва бояд ба афзоиши тиҷорат дар дохили Созмон мусоидат намояд, мутаассифона, ҳанӯз амал намекунад.

“Дар робита ба ин, аз кишварҳои аъзо даъват менамоем, ки нақшаи муштаракро ҷиҳати татбиқи пурсамари иқтидори тиҷоратии минтақаи ЭКО таҳия намоянд”, - пешниҳод намуд президенти Тоҷикистон.

Ба таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, ки бешубҳа, ба афзоиши ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, вобаста ба ин, зикр шуд, ки тавсеаи шабакаи даҳлезҳои нақлиётӣ ва таъмини гардиши озоди молу хизматрасониҳо миёни кишварҳои аъзо аҳаммияти хосса дорад.

Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат

“Аз ин лиҳоз, мо бояд ба баланд бурдани иқтидори нақлиётиву транзитии минтақаи Созмон таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир намоем, - иброз дошт ӯ. - Дар ин зимн, ҳамлу нақли санҷишии молҳоро соли гузашта ба воситаи нақлиёти автомобилӣ аз тариқи даҳлези “Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон” қадами ҷиддӣ медонем”.

Ҳамчунин зикр шуд, ки Тоҷикистон алоқаманди иштироки фаъол дар татбиқи тарҳҳои мавриди коркард оид ба пайвастшавӣ ва ташаккули шабакаҳои энергетикии минтақавӣ, бахусус таъсиси Бозори минтақавии энергетикӣ мебошад.

“Тоҷикистон, чуноне маълум аст, захираҳои азими энергияи тозаи таҷдидшавандаро дорад. Наздики наваду ҳашт фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Аз лиҳози истеҳсоли энергияи “сабз” дар таносуби фоизӣ, Тоҷикистон ба гурӯҳи шаш кишвари пешбари ҷаҳон шомил мебошад. Пешниҳод менамоем, ки Котиботи Созмон ҷиҳати коркарди Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи он иқдом намояд”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Чунин Стратегия, ба гуфтаи ӯ, метавонад ба татбиқи тарҳҳое, ки ба истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда ва рушди иқтисоди “сабз” нигаронида шудаанд, мусоидат намояд.

Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар бораи ҳакориҳо дар доираи Созмон дар соҳаҳои саноату сармоягузорӣ, амнияти озуқаворӣ, бахши кишоварзӣ, муоқовимат бо тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ ва ғайра изҳори назар кард.

Зимни ибрози назар дар мавриди Афғонистон президенти Тоҷикистон зикр кард, ки пешбурди минбаъдаи нақшаҳои дар ин самт пешбинишуда, пеш аз ҳама, аз муътадил гардидани вазъи низомиву сиёсӣ ва таъмини амният дар ин кишвар вобастагӣ дорад.

Ӯ бори навбатӣ таъкид дошт, ки ҳалли мушкилоти дар Афғонистон бамиёномада зарурати ташаккули ҳарчӣ зудтари ҳукумати фарогиррро дар кишвар бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ, инчунин расонидани кӯмаки гуманитариро ба мардуми Афғонистон тавассути сохторҳои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ  тақозо менамояд.

Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат

Дар кори ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган, президенти Покистон Ориф Алвӣ, сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин ва Дабири кулли  СҲИ Нозирӣ Хусрав иштирок карданд.

Дар охир аз рӯйи натиҷаи кори 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ “Консенсуси Ашхободӣ оид ба амалҳо” қабул гардид.

Дар ҳошияи кори Нишасти 15-уми сарони кишварҳои СҲИ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо чанде аз сарони кишварҳои аъзои Созмон дидору гуфтушунидуи дуҷониба баргузор намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.