Паёми имсолаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 21-уми декабр садо хоҳад дод. Дар ин бора маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маҷлиси миллӣ бо ин ҳадаф ҷаласаи муштараки ҳарду маҷлисҳо: ҳам Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват кардааст.
Манбаъ менависад, ки “дар ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа мегардад”.
Қарори баргузории ҷаласаи муштаракаи маҷлисҳои порлумони кишвар, имрӯз, 6 декабр аз сӯи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст
Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.
Дар ин ҷаласаи ироаи паём, ҳамасола ба ҷуз вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд.
Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд.
Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд.
Чун анъана ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.
Аз соли 2015 президент то охири моҳи декабр паёми худро ба парлумон ироа мекард, лекин соли гузашта он 26 январи соли 2021 сурат гирифта буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста