Дар нишасти вижаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Исломобод, ки меҳвари он баҳси “Толибон” аст, Тоҷикистон дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷӣ ширкат мекунад. Қарор аст, ин конфронс рӯзи якшанбе ба кори худ оғоз кунад.

Ширкати муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзодаро дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” таъйид карданд ва гуфтанд, ки ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро дар ин нишаст бори дигар изҳор мекунад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид мекунад, ки Музаффар Ҳусейнзода бо даъвати вазири корҳои хориҷии Покистон дар ин конфронс ширкат мекунад.

Интизор меравад дар нишаст вазъи Афғонистон, ба вижа расонидани ёриҳои моддӣ ба ин кишвар баррасӣ шавад.

Покистон, ки мизбонии ин нишастро бар дӯш дорад, аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ хоста буд, ки барои иштироки намояндаи “Толибон” дар нишаст мувофиқат кунанд.

Вазорати хориҷаи “Толибон” гуфтааст, ки Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа ҳукумати “Толибон”-ро намояндагӣ мекунад. Ин нахустин ҳузури “Толибон” дар як созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳузури онҳо дар ҳолест, то кунун ҳеч кишваре давлати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст.

Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо “Толибон” надоштааст.

Тоҷикистон 1 декабри соли 1992 аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) гардид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.