Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки рӯзи 28 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад, 9 нафар сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои он ширкат меварзанд, зикр мешавад дар хабари дафтари матбуоти Кремл.

Гуфта мешавад, вохӯрии сарони давлатҳои узви ИДМ бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ иштироки президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, аввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон, президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки то пандемия низ вохӯриҳои ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар арафаи Соли нав мунтазам дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешуданд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақимл (ИДМ) соли 1991 дар ҳайати 9 давлат - Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.