Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзи 27 декабр бо вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Хамраев дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, вазири кишвари ҳамсоя иброз доштааст, ки соли 2021 яке аз солҳои камобтарин дар минтақа ба шумор мерафт, аммо ба шарофати дӯстӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ин мушкилиҳо ба осонӣ паси сар гардид ва кишоварзони мамлакат ба об таъмин гардиданд.

“Сафир ҳамчунин дар бораи робитаҳои дӯстонаи ду халқ бо вазир, ки ҳамзамон Раиси Ҷаъмияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад, суҳбат кард”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо дар арафаи Наврӯз баргузор кардани чорабинии фарҳангиро муҳим шумориданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон 397 млн долларро ташкил додааст.
Сурат: mfa.tj

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.