Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 6-уми январи соли 2022 фармон дар бораи эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистонро имзо кард. Ин панҷсоларо бори аввал раисҷумҳур зимни ироаи паёмаш ба порлумони кишвар рӯзи 21-уми декабри соли 2021 эълон карда буд.

Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки "солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд".

Ҳамчунин раисҷумҳур ба ҳукумат дастур додааст, ки "дар муҳлати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд".

Тоҷикистон рушди саноатиро яке аз ҳадафҳои миллӣ дар баробари амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва берун рафтан аз бунбасти иртибототӣ эълон кардааст. Бар асоси ин стратегия Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки аз як кишвари аграрӣ ба як кишвари саноативу аграрӣ табдил шавад ва ба ҳамин тариқ рушди иқтисодиро таъмин кунад.

Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар паёми солонаи худ ба парлумон 21 декабри соли 2021 пешниҳод карда буд, ки солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон солҳои рушди саноат эълон карда шаванд.

Ӯ зикр кард, ки соли 2021 256 корхона ва коргоҳҳои нав мавриди истифода қарор гирифта, тайи 20 соли охир дар кишвар 2 ҳазор адад чунин корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ дар ҳаҷми 35 млрд сомонӣ таъсис дода шуданд.

Бино ба маълуомти оморӣ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2021 истеҳсолоти саноатӣ то 22,7% зиёд шудааст (аз 10% дар ҳамин давраи соли 2020). Соли гузашта ба маблағи ҳудуди 35 млрд сомонӣ (3 млрд доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст.

Таҳрикдиҳандаи асосии рушдро дар Вазорат саноати коркард номбар мекунанд, ки истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа нисба ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 1,6 баробар афзудааст.

Ҳудуди 93%-и истихроҷ ба маъданҳои фулузӣ (металлӣ) рост меояд, ки дар ин давра 1,7 баробар зиёд шудааст.

Коршиносони наздик ба доираҳои саноатӣ бар ин назаранд, ки рушди саноат тайи солҳои ахир ба истихроҷи тилло, асосан аз ҷониби ширкатҳои Чин рабт дорад.

Ва ин ба ҳақиқат рост меояд: 70%-и тилло дар корхонаи муштараки “Зарафшон” истеҳсол мешавад, ки бастаи назоратии саҳмияҳои ин корхона ба доираҳои тиҷоратии Чин тааллуқ дорад. Ҳамчунин ширкатҳои чинии “Покрӯд”, TBEA низ ба истихроҷи фулузоти қиматбаҳо дар кишвар машғуланд.

Қобили зикр аст, ки дар шароити пандемия ва коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, барои афзоиши захираҳои асъори ҷумҳурӣ захираҳои тиллои кишвар дар ҳаҷми зиёд фурӯхта шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.