Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нахустин сафири Фавқулода ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Квон Донг Сок нусхаи эътимодномаи худро ба ин ниҳод супурдааст.
Нусхаи эътимодномаи сафири Курёро имрӯз, 7-уми январи 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим қабул кардааст.
Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки то вақт сафирони Куриё ба унвони сафирони ғайримуқимӣ дар Тоҷикистон таъин мешуданд. Аммо акнун Квон Донг Сок нахустин сафири муқимии Куриё дар Душанбе хоҳад буд.
Сафири нахустини Куриё дар Душанбе зимини мулоқот бо Фарҳод Салим дар мавриди ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва ғайра изҳор доштанд.
Равобити дипломатии Тоҷикистону Куриё 27 апрели 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Куриё моҳи апрели 2015 ифтитоҳ шуда Сафорати Куриё дар Тоҷикистон дар сатҳи кордор соли 2008 боз шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста