Ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон миёни президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки тайи ин давра кишварҳо ба мақсади дастрасӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои созанда, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкориҳои фарогир ва таъмини дурнамои самараноки густариши онҳо мунтазам тадбирҳои амалӣ андешидаанд.

“Тоҷикистон ҳамвора ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи кишварҳоямон дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод, коркарду татбиқи тарҳу барномаҳо ва чораҳои созгор барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо мебошад”, - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки “соли ҷашнӣ бо дастовардҳои навини худ муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародарро рангин хоҳад кард”.

Дар навбати худ дар барқияи раиси Эрон таъкид мешавад, ки тӯли се даҳаи гузашта ду кишвар бо баҳрагирӣ аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавонистаанд ба сатҳи бисёр болое аз муносибот дар арсаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ даст ёбанд, ки албатта бо дар назар гирифтани зарфиятҳои азими ду кишвар, имкони боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо, махсусан дар бахшҳои иқдисодӣ ба нуқтаи матлуб вуҷуд дорад.

“Дар ин росто бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои аввалин дидори расмии инҷониб аз кишвари зебои Тоҷикистон, ду тараф тавофуқ карданд, ки заминаҳои лозим барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои иқдисодӣ дар барномаҳои кории муҳими масъулини дахлдор қарор гирад ва фасли ҷадиде аз робитаҳои ҳамаҷониба бо пуштибонии эътимоди сиёсӣ шакл гирад”, - хотиррасон шудааст дар барқия.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон 93,2 млн долларро ташкил додааст, ки 44,6 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Ҳиссаи гардиши мол бо Эрон дар савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра 1,7%-ро ташкил дода, дар сохтори гардиши муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон дар зинаи 9-ум қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.