Сафири Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ бо нашри як мақола ба ифтихори 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии Эрону Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳеч кишваре ба андозаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи наздику дилбастагӣ надорад ва иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст.

Собирӣ дар ин матлаби худ рӯзи барқарории равобити дипломатиро, ки мусодиф  ба 9 январ (1992) аст “ба давлату миллати азизи Тоҷикистон” табрик гуфта, таъкид ардааст, ки Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлоли Давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишваре буд, ки сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.

Сафири Эрон гуфтааст, ки кишвараш ҳамвора аз сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳимоят ва барои амалӣ шудани он мушорикати фаъолу нақши муҳим ва мумтозе доштааст. Барои поён бахшидан ба даргириҳои дохилӣ дар ин кишвар пешқадам шуда ва чандин давр аз музокироти сулҳи тоҷиконро мизбонӣ кард.

Собирӣ дар ин мақолааш гуфтааст, ки “ба унвони намояндаи миллати бузурги Эрон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон менамоям, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳеч маҳдудияте надорад”.

Ба назари ин дипломати эронӣ “дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст. Мақоми муъаззами раҳбарии Исломии Эрон аз равобити ду кишвар ба "равобити хешовандӣ" ёд намудаанд ва ба далели аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оқои доктор Раисӣ - Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин кишварро ба унвони мақсади аввалин сафари хориҷии худ интихоб кард. Ҳамчунин ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон - Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъбири "гӯшту нохун" барои тавсифи пайвандҳои Эрону Тоҷикистон истифода кардаанд”.

Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон аз Иброҳим Раисӣ дар Душанбе

Ба назари Оқои Собирӣ сафарҳои расмии сарону дигар мақомоти баландпояи ду кишвар аз соли 1992 то кунун, гӯёи кӯшиши ҷиддии тарафҳо барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф будааст. “Ин рӯйдодҳо уфуқҳои васеъеро барои равобити беҳтари байни ду кишвари бародар кушудааст. Аз замони  барқарории равобити сиёсии ду кишвар то кунун, президентҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон 13 бор аз Тоҷикистон дидор кардаанд ва мутақобилан Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 бор ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намудаанд”.

Ҳамчунин сафири Эрон ба сафарҳои раисони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва дидорҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари баландпояи ду кишвар ишора карда ва гуфтааст, ки ин дидорҳо “ҷиҳати машваратҳои сиёсӣ ва тавсеаи равобит дар арсаҳои мухталиф анҷом шудааст”.

Сафири Эрон иҷрои тарҳи сохтани неругоҳи барқи обии "Сангтуда - 2"-ро аз заминаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар арсаи энергетика ва равобити иқтисодии ду кишвар унвон кардааст.

“Ҷумҳурии Исломии Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохторҳо, тавсеа ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дошта ва ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанд буда ва муфтахар аст, ки ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи садду нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", нақби "Истиқлол", иҷрои тарҳи софкунии оби Душанбе ва лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта ва доранд”,-таъкид кардааст Собирӣ.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе.

Дар муддати 30 сол, беш аз 170 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрону Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки аз назари ин дипломати эронӣ чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.

Собирӣ дар ин мақолааш таъкид кардааст, ки ду кишвар дар таъмини маҳсулоти мавриди ниёзи якдигар аз тавонмандӣ ва зарфияти болое бархӯрдор ҳастанд. Ба назари сафир Эрон метавонад дар ҳавзаи технологияҳои навин, аз ҷумла нанотехнология, таҷрубаҳо ва тавсеаи марказҳои саноатӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

“Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он заминаҳои аслии ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳо ва созмонҳо ва ширкатҳои ду кишвар мушаххас шудаанд, дар тавсеаи равобити дуҷониба, бахусус ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст ва то имрӯз 14 нишасти ин Комисся дар шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе баргузор шудааст”,-гуфтааст Собирӣ.

Сафири Эрон дар Душанбе аз пуштибонии Тоҷикистон барои пазироии Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой истиқбол карда навиштааст:

“Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби созмонҳои мантақаӣ назири Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хубе доранд ва аз мавқеи якдигар дар ин созмонҳо пуштибонӣ мекунанд, ки намунаи ахири он ҳимояти Давлати Тоҷикистон аз дархости пазириши узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, ки мунҷар ба тасвиби ин дархост ва шурӯъи раванди узвият дар ин созмон дар бисту якумин Иҷлоси Шӯрои сарони Шанхай дар сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе шуд”.

Дипломати эрони ҳамкориҳои илмву фарҳангии ду кишварро яке аз дурахшонтарин сафаҳоти равобити Тоҷикистону Эрон дониста, овардааст, ки табодули таҷрубиёт миёни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвар ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар маросими фарҳангӣ аз авлавиятҳои аслии ин равобит аст.

“Сафари таърихии ҷаноби оқои доктор Раисӣ - Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 мелодӣ, ки бо истиқболи гарми мақомоти муҳтарами Давлати Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд, нуқтаи атф ва оғози фасли навине дар ҳамкориҳои ҳама ҷонибаи Теҳрон ва Душанбе мебошад. Дар ҷараёни ин сафар теъдоди    8 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф байни ду кишвар ба имзо расид, ки бо иҷрои онҳо умедворем шоҳиди таҳаввулоти хубе дар равобити ду кишвар бошем. Сарони ду кишвар дар мавриди тақвияту густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун табодули назар карданд. Дар ҷараёни машваратҳои президентҳои муҳтарами ду кишвар, пешниҳод шуд барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар, "Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ" байни ду кишвар тадвин шавад”,-гуфтааст сафири Эрон.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин мақола ба сатҳим имрӯзи равобит пардохта, таъкид кардааст, ки дар шароити кунунӣ таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тақозо мекунад, ки ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон беш аз гузашта дар канори якдигар буда ва бо ҳамдилӣ ва ҳамнавоӣ дар ҷиҳати тавсеаи равобити ду ҷониба талош намоянд.

“Итминони комил дорем, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровону зарфиятҳои мукаммили Эрону Тоҷикистон бо луфти Худованди мутаол шоҳиди тақвияти ҳамкориҳо ва густариши рӯзафзуни равобити ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем буд”,-изҳори бовар кардааст сафир.

Дар поёни матлабаш сафир шеъре аз Низом Қосимро овардааст, ки бо матлаи “Ҷаҳони нағмаву хунё, дили тоҷику эронӣ, Яке дунё дар ин дунё, дили тоҷику эронӣ” оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.